Усулҳои халқии табобати эпилепсия

Усулҳои халқии табобати эпилепсия

Авлоди шавҳари ман бемории эпилепсия доштаанд. Ду писари дугоники ман низ ба ин беморӣ гирифторанд. Чандин сол боз бо ду фарзанди бемор дар азобам. Илтимос, ягон роҳи табобати гиёҳии ин бемориро ба мани сарсон нишон диҳед!

 

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:

- Чизе, ки ба чунин беморон мисли обу ҳаво зарур аст, ин оромии руҳист. Кӯшиш намоед, ки фарзандонатон ҳеҷ гоҳ асабӣ нашаванд. Стресс, ҳаяҷон ва тарсу ҳарос махсусан дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ барои гирифторони эпилепсия хавфнок аст, ҳар як ҳодисаи ногувор метавонад боиси хуруҷ намудани ин касалӣ гардад. Баҳор аз як тараф эпилепсияро авҷ бахшад, аз ҷониби дигар бо гулу гиёҳҳои сабзи шифобахшаш дармони ҷони гирифторони ин беморӣ мегардад.

 

Инак, чанд давои баҳорӣ барои касоне, ки эпилепсия доранд.

 

Нусхаи аввал

 

Дар зарфе 2 қошуқ пудина андохта аз ним литр оби ҷӯшидагӣ резед ва монед 2 соат истад. Дар ин муддат гиёҳоб ба доруи беҳтарин табдил меёбад. Аз ин гиёҳоб рӯзе 4 маротиба 50 граммӣ пеш аз хӯрок нӯшидан лозим аст.

 

Нусхаи дигар

1 қошуқ гули барфак (ландыш)-ро дар зарфе андохта аз болояш якуним истакон об резед ва дар оташи паст 15 дақиқа ҷӯшонед, сипас оташро хомӯш намуда, монед 1-2 соат истад. Ин даворо гирифторони эпилепсия бояд рӯзе 3 маротиба ним истаконӣ бинӯшанд.

 

Нусхаи сеюм

10 дона гули гиёҳи пижмаро дар зарфе андохта аз болояш ним истакон оби ҷӯшидагӣ резед ва монед 20 дақиқа истад. Давои ҳосилшударо рӯзе 3 маротиба 1 қошуқӣ нӯшидан кифоя аст.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...