Сабабҳои пайдоиши санги талхадон

Сабабҳои пайдоиши санги талхадон

Сабабҳои пайдоиши санги талхадон

Қариб се моҳ шуд, ки худро бад ҳис мекунам. Хӯроки сахт ва ё бирёнӣ истеъмол намоям, дар ҳазмаш душворӣ мекашам, бар замми ин, шикамам дамиш мекунад. Ба назди духтур рафтам. Пас аз ташхис гуфтанд, ки дар талхадонам сангҳои зиёде ҷамъ шудаанд ва ҷарроҳӣ кардан лозим аст. Мехоҳам сабаби пайдо шудани сангро дар талхадон бидонам. Магар ба ғайр аз ҷарроҳӣ дигар ягон роҳи халосӣ аз сангҳои дар талхадон ҷамъшуда вуҷуд надорад?

 

Холелитиаз, яъне ҷамъшавии сангҳо дар талхадон беморие мебошад, ки бар асари вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар организми инсон, аниқтараш метоболизми холестерин ва белорубин сар мезанад. Сангҳои талхадон асосан бар асари таҳшиншавӣ ё ҷамъшавии холестерин, сафедаҳо, калсий ва белорубин пайдо мешаванд. Маъмулан дар оғоз онҳо шакли регмайдаро доранд, агар бемор бепарвоӣ зоҳир намуда, табобат нагирад, бо мурури вақт ҳаҷмашон калон шудан мегирад. Бояд тазаккур дод, ки иллати санги талхадон дар намояндагони ҷинси латиф, яъне занон нисбат ба мардон бештар ба назар мерасад. Хотиррасон мекунем, ки ҷамъшавии санг дар талхадон баромадани талхаро душвор гардонида, боиси илтиҳоб гирифтани пардаҳои луобӣ ва гирифтор шудани кас ба бемориҳои сироятӣ шуда метавонад. Беморӣ дар организм муддати тӯлонӣ, 5-10 сол бе ягон нишона ҷараён гирифта метавонад, вале баъдан бо дарди шадиди халанда дар зери қабурғаи рост аз худ дарак медиҳад. Нишонаҳои дигари ин беморӣ дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, тез-тез ба зардаҷӯш гирифтор гаштан, эҳсоси тамъи талх дар даҳон, дамиши шикам, беҳолию бемадорӣ, сахтшавии шикам ва зард шудани ранги рӯю сафедии чашмон аст. Мариз баъзан таб карда метавонад. Бемор хӯрокҳои сахт, бирёнӣ ва тезу тунд истеъмол намояд ё нӯшокиҳои спиртӣ нӯшад, дард сахттар мешавад. Кори вазнини ҷисмонӣ ва стресс низ боиси хуруҷи дард гашта метавонад. Маъмулан дард аз зери қабурғаи рост сар шуда, баъдан ба даст, шона, гардан ва қафаси сина мегузарад. Аз ҳамин сабаб баъзан беморон дарди талхадонро аз хуруҷи бемории дил фарқ карда наметавонанд.

Андозаю шакли сангҳо гуногун мешавад, вале шумораашон зиёд бошад, ҳатман ҷарроҳӣ кардан лозим аст, чунки хатари беҷо шудани санг вуҷуд дорад. Дар сурати лағжиданаш санг роҳҳои талхагузарро банд карда метавонад. Дар ин ҳол кас ба заҳролудшавии организм дучор мегардад, ки гоҳо оризаҳои нохушро ба бор оварда, ҳолати мариз вазнин ва табобаташ душвортар мешавад.

 

«Пресса.тж»

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...