6 одате, ки ҷаҳонро зиндон мекунад

6 одате, ки ҷаҳонро зиндон мекунад

6 одате, ки ҷаҳонро зиндон мекунад

“Роҳати дунё зану дандон бувад, Бе зану дандон ҷаҳон зиндон бувад!” мегӯянд. Дар ҳақиқат дандон узви ниҳоят муҳими инсон аст, зеро таъму маззаи хӯрокро мо маҳз бо кумаки дандонҳо эҳсос мекунем. Аз ҳамин хотир, дандонҳоро эҳтиёт кардан лозим аст. Дар ин нигошта мо дар бораи баъзе одатҳои баде маълумот медиҳем, ки боиси осеб дидан ва рехтани дандонҳо мегарданд.

 

  1. Газидани нӯги қалам ё дастаки айнак

 А к с а р и одамон ҳангоми ба фикр фурӯ рафтан ё ҳолати оддӣ сарпӯши ручкаву қалам ё дастаки айнакро мегазанд. Ин ҳолат, агар тез-тез такрор ёбад, дар дандон тарқишчаҳо пайдо мешаванд ва бар замми ин, бактерияҳо ба осонӣ ба холигиҳои даҳон тавассути асбоби газида ворид шуда, боиси гирифтор гаштани кас ба ҳар хел касалиҳо хоҳанд шуд. Майли газидану хоидан дошта бошед, беҳтараш сақич хоед, вале на аз меъёр зиёд.

  1. Шикастани писта ва донаи офтобпараст

З у д - з у д шикастани писта ва донаки офтобпараст бо дандон ба п ӯ с и д а н и дандонҳо оварда мерасонад, илова бар ин, газидани пистаи зиёд ба милкҳои дандон низ осеб расонида, боиси сар задани бемориҳои сироятӣ дар даҳон мегардад.

  1. Истифодаи чуткаи дандон-шуйӣ

Чуткаҳои дандоншӯӣ барои зуд тоза кардани дандонҳо пас аз хӯрок пешбинӣ шудаанд, аммо чуткҳои дурушти данд о н ш ӯ й ӣ милки дандонҳоро вайрон карда, боиси хунравӣ дар милкҳои дандон мегарданд. Аз ҳамин хотир, ба шумо тавсия медиҳем, ки чуткаҳои хушсифати дандоншӯиро интихоб намоед.

  1. Истифодаи ришта

Б а ъ з е ҳ о чунин одат доранд, ки пас аз хӯрок хӯрдан, агар дар байни дандонҳо-яшон пасмондаи хӯрок дармонда бошад, онро тавассути ришта тоза мекунанд. Ин амал ба дандонҳо зарар дорад.

  1. Ғиҷирроси дандон

Ғичирроскунии дандон бештар дар ҳолати хоб рӯй медиҳад, аз ин лиҳоз, идора кардани ғиҷирроси дандон ғайриимкон аст. Одамоне, ки чунин мушкил доранд, бояд фавран ба духтур муроҷиат намянд, зеро ин метавонад нишонаи ягон бемории асаб бошад. Ҳангоми ғиҷирросзанӣ дандонҳо бо ҳам соиш мехӯранд ва сире, ки дандонҳоро мепӯшонад, осеб мебинад.

  1. Газидани нохун

Як одати бади дигар, к и б о и с и осеб дидани дандонҳо м е ш а в а д , г а з и д а н и нохунҳост. Нохунхоӣ бениҳоят одати зараровар аст. Аввалан, аксарияти бактерияҳои даст дар зери нохун ҷойгиранд ва бо газидани он ба холигоҳи даҳон медароянд, сониян, дар дандонҳо тарқишҳо пайдо мешаванд, ки дар оянда боиси пӯсидани дандон мегардад.

 

 

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...