7 роҳи мубориза бо зуком дар шароити хона

7 роҳи мубориза бо зуком дар шароити хона

Маъмулан, ҳангоми баланду паст шудани ҳарорати ҳаво дар фасли зимистон одамон тез-тез шамол кашида, ба зуком гирифтор мешаванд. Имрӯз мо дар боби давоҳои халқӣ маълумот медиҳем, ки барои аз шамолкашӣ раҳоӣ ёфтан ёрӣ мерасонанд.

 

  1. Ҳангоми зуком нӯшидани асалчой бо лимӯ хеле муфид мебошад. Лимӯ антибиотики беҳтарин буда, пӯсти он равғанҳои эфир зиёд дорад, дар мубориза бо вирусҳо ёрӣ мерасонад. Асал бошад, дар мубориза бо шамолкашӣ таъсири хеле қавӣ дорад. Нӯшидани асалчой ба шахси зукомшуда қуввату дармон бахшида, масъунияти баданро мустаҳкам гардонида, вараму балғамҳоро шифо медиҳад.
  2. Ҳангоми ба зуком гирифтор шудан мураббои олуча, марминҷон ва қулфинай ҳам бисёр фоиданоканд. Махсусан, мураббои марминҷон барои осон бартараф кардани гулӯдард ва варами роҳҳои нафас хеле муфид аст.
  3. Зуком шуда бошед, пеш аз хоб пойҳоятонро ақаллан 15-20 дақиқа дар оби гарм бо бобуна (ромашка) нигоҳ доред. Инчунин, нӯшидани бобуначой ҳам гулӯдардиро бартараф мекунад, ҳам ба варами шикаму ланҷии бадан фоида дорад.
  4. Ҳангоми зуком ба бинӣ ва чаккаҳои саратон малҳами “Золотая звезда” молед. Малҳами “Ситораи тилоӣ” таъсири қавӣ мерасонад, зеро дар таркибаш равғанҳои эфирӣ, ба мисоли эвкалипт, левоментол, кофур (камфора), равғани пудинаи саҳроӣ, равғани қаланфур (гвоздика), равғани хардали чинӣ (китайская горчица) дорад. Ин малҳамро аз тамоми дорухонаҳои ҷумҳурӣ пайдо ва дастрас карда метавонед.
  5. Ба шахсоне, ки ба зуком гирифтор гаштаанд, нӯшидани оби хуч тавсия дода мешавад. Хуч аз витамини С бой буда, барои мубориза бо ҳама гуна бемориҳо, аз ҷумла зуком ёрӣ мерасонад.
  6. Ҳангоми гирифтор шудан ба зуком биниатонро бо намакоб шӯйед, ҳамчунин бо намакоб гулӯро ғарғара намоед. Барои нест кардани микробҳо ва бартараф кардани варами димоғ ва гулӯ, инчунин роҳҳои нафас ва шуш хеле таъсири олиҷаноб дорад.
  7. Дуди сипанд низ дар мубориза бо зуком ва шамолхӯрӣ давои хуб нишон додааст. Ҳазориспанд, ё сипандро дуд карда, нафас кашидан ва хонаро дуд кардан микробу вирусҳоро нест мекунад.

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...