Хатар аз либос аз уфунати пӯст то бемории ҷигар

Хатар аз либос аз уфунати пӯст то бемории ҷигар

Хатар аз либос аз уфунати пӯст то бемории ҷигар

Ҳамарӯза мо либосу пойафзол пӯшида, ҳеҷ гоҳ ба худ суол намедиҳем, ки оё либосу кафш ҳам метавонад ба мо зарар бирасонад?

 

Доктор Малика Юсупова мегӯяд, ки гоҳо либос метавонад одамро ба бемориҳои мухталиф гирифтор кунад.

 

Чӣ тавр?

Андешаи табибро якҷо мехонем. Зарари либоси танг Либоси танг ба андом фишор оварда, боиси вайроншавии гардиши хун дар рагҳои сатҳии пӯст мегардад. Масалан шалвори танг ба рагҳои хунгард ва торҳои асаб таъсири манфӣ мерасонад. Либоси часпида ба андом пӯстро озурда месозад ва пӯсти бадан сурх гашта, имкони вуруди уфунат ба он пайдо мешавад. Ҳамчунин либоси танг расидани ҳаво ба пӯстро маҳдуд мекунад. Дар ҳоли нарасидани ҳаво бадан арақи зиёд карда, ба рушди уфунат дар сатҳи пӯст мусоидат мекунад. Сахт бастани камарбанд ғайр аз фишор ба пӯсту рагҳои хунгард ва торҳои асаб, инчунин кори меъдаро халалдор карда, ба зардаҷӯш оварда метавонад. Аз ҳамин сабаб, тавсия мешавад, ки ҳаддалимкон аз либосҳои танге, ки ба андом мечаспанд, парҳез карда шавад. Синтетика ҷигарро бемор мекунад Навъи дигари зараровар либосҳои аз порчаҳои синтетик дӯхташуда мебошанд. Матоъҳои сунъӣ, аз қабили полиэстер, нейлон, акрил дар таркибашон моддаҳои кимиёвии зараровар доранд, ки дар пӯсти одам ҳассосият эҷод мекунанд ва дар сурати истифодаи тӯлонӣ метавонанд ҳатто ба норасогии кори ҷигар ва гурда оваранд. Қобили қайд аст, ки бахусус либосҳои ҷилодоре, ки ба завқи баъзе занон хуб менамояд, аксаран аз ҳамин матоъҳои сунъӣ сохта мешаванд. Пӯшидани дарозмуддати чунин либос ба саломатии ҷинси латиф зиёни ҷуброннопазир ба бор меоварад. Таваҷҷуҳ ба кӯдакон Навъи матоъи либоси кӯдакон хеле муҳим аст. Пӯсти кӯдак хеле нозук буда, агар расидани ҳаво ба қадри кофӣ таъмин нашавад, сӯрохҳои пӯст бо сабаби арақкунии зиёд баста шуда, захмӣ мегардад ва сурхча мебарорад. Барои ҳамин либоси кӯдак бояд аз порчаи табиӣ ва роҳат бошад.

 

Зарари кафш

  1. Кафши танг ба рагҳои хунгарди пой фишор оварда, хунрасонии пойро халалдор мекунад. Дар натиҷаи фишор овардан ба рагҳо гардиши хун дар пойҳо суст гашта, рагҳои хунгард варам мекунанд ва имкони пайдошавии лахт дар хун ва илтиҳоб дар пой пеш меояд. Ғайр аз ин, дар рагҳои хунрасони соқи пой ва ронҳо васеъшавии варикозии рагҳо иттифоқ меафтад, ки ҳам аз лиҳози зебоишиносӣ ва ҳам аз ҷиҳати саломатӣ падидаи матлубе нест. Дар бемороне, ки ба касалии диабети қанд гирифторанд ва гардиши хун дар пойҳояшон бе ин ҳам халал ёфтааст, оризаҳои сахттаре аз қабили паст шудани ҳисси пой ва бозмондани хун аз гардиш пеш омада, метавонад ба ҳарчи зудтар ташаккулёбии попанҷаи диабетӣ мусоидат кунад.
  2. Кафши танг бо фишор ба пой, сохти анатомии онро вайрон мекунад. Кафши танг ба устухонҳои пой, ки зариф ҳастанд, фишор оварда, онҳоро каҷ мекунад ва дар натиҷа шахс ба пойпаҳнӣ (плоскостопие), вайроншавии сабки роҳгардӣ ва ҳатто тағйир ёфтани қомат (осанка) дучор мешавад. Инчунин вайроншавии шакли табиии пой ба пайдоиши хорустухон меоварад. Ҳамчунин вайроншавии шакли нохунҳо ва ба гӯшт воридшавии нохун пеш омада метавонад.
  3. Кафши танг дар натиҷаи соиш обила, захм ва пина ба бор меорад. Аз сабаби тангии кафш, дар натиҷаи соиш обилаву захм ва пинаҳо пайдо мешаванд, ки ба шахс дарду нороҳатӣ эҷод мекунанд. Ба вуҷуд омадани захм дар пой барои бемороне, ки мубталои диабети қанд мебошанд, падидаи хеле хавфнок аст. Бояд ба назар гирем, ки дар натиҷаи пӯшидани кафши танг гардиши хун дар пой халал меёбад. Дар шахсони гирифтори диабети қанд, ки бе ин ҳам гардиши хун дар рагҳояшон халалдор аст, сустшавии иловагии гардиши хун ба шифо наёфтани захмҳо ва ҳатто бадтар шудани онҳо мусоидат мекунад. Аз ёдамон наравад: кафши танг расидани ҳаво ба пӯсти пойро низ маҳдуд мекунад, ки ин падида шифоёбии захмҳоро боз ҳам мушкилтар мегардонад. Бахусус барои беморони диабети қанд метавонад ба қатъи (ампутатсия) ангушт ва ё ҳатто пой оварад. Бо назардошти ин ҳама авориз мутахассисон тавсия медиҳанд, ки кафшро бодиққат интихоб кунем. Ҳангоми интихоб, ғайр аз андозаи кафш, инчунин сохти анатомии пойро низ бояд ба назар гирем. Кафшдӯзон барои шаклҳои мухталифи анатомии пой кафшҳои муносиб медӯзанд.

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...