3 усули халқии табобати диабети қанд

3 усули халқии табобати диабети қанд

Чанд сол боз ба диабети қанд гирифтор ҳастам ва зери назорати табибон қарор дорам. Ба куҷое, ки наравам, ҳамеша доруҳоямро бо худ мебарам. Мудом бо дору гаштан ба дилам задааст. Шунидам, ки бо воситаи гиёҳҳо ва ҳатто бо барги баъзе дарахтон низ касалии қандро табобат карда мешудааст. Аз ҳамин хотир, ба шумо муроҷиат карда истодаам, то фаҳмам, ки ин гап асос дорад ё не?

 

Посухи табиби мардумӣ садриддиншоҳ ҷалолӣ:

Муолиҷаи бемории қанд дар тиби гиёҳӣ ҳеҷ мушкиле надорад. Воситаҳои зиёде мавҷуданд, ки инсулинро ба меъёр медароранд, вале барои ин, муолиҷаро то ҳосил шудани беҳбудии комил идома додан лозим аст. Ман чанд усули содаи табобати касалии қандро бо воситаи барги дарахтон ба шумо мекушоям.

Якум. 25 грамм барги хушки чормағзро дар як литр оби ҷӯш муддати як соат дам карда, саҳарӣ, нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ якпиёлагӣ нӯшед. Ин амалро як ҳафта давом диҳед, беҳбудии комилро эҳсос хоҳед кард.

Дуюм. Барги тути сафедро хушк карда, кафмол намоед, то ба шакли хока дарояд. Онро ба рӯи ғизоҳое, ки истеъмол мекунед, пошед, сатҳи қанди хунро хеле паст мекунад.

Сеюм. Барги биҳӣ, барги чормағз, барги газна ва барги мушхорро ба андозаи баробар гирифта, хушк кунед ва 2 қошуқашро дар ним литр об андохта, ҳамагӣ 2-3 дақиқа ҷўшонед, сипас оташро хомӯш намуда, монед ним соат истад. Гиёҳобро соф карда, рӯзе 3 бор 50 грамм бинӯшед.

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...