Роҳҳои осони тоза кардани ҷисм

Роҳҳои осони тоза кардани ҷисм

Мегӯянд, ки барои солиму ҷавону бардам мондан одам бояд соле ақаллан ду маротиба баданашро аз заҳрҳои дар организм ҷамъшуда тоза кунад. Мехоҳам донам, ки баданро бо кадом роҳ аз заҳрҳо тоза кардан мумкин аст?

 

Посухи Садриддиншоҳ Насриддиншоев:

- Дар ҳақиқат поккории бадан пирии зудрасро пешгирӣ намуда, барои бардаму солим мондани шахс кумак мерасонад. Вақте ҷисм аз чизҳои нолозим тоза мешавад, одам худро чунон сабук ҳис мекунад, ки гӯё нав аз модар ба дунё омада бошад. Поксозии бадан ҳолати руҳии инсонро низ беҳтар намуда, табъро хуш нигоҳ медорад. Усулҳои поккории бадан дар тибби суннатӣ зиёданд.

Инак, чанде аз инҳоро пешкашатон месозем.

 

Нусхаи аввал

Гиёҳи коснӣ - 30 грамм, Чилбуғум - 30 грамм. Ин ду гиёҳро омехта карда, дар 1 литр оби ҷӯш муддати 10 дақиқа ҷӯшонед, сипас оташро хомӯш намуда монед ним соат истад. Гиёҳоби ҳосилшударо баъди хунук шуданаш полонда, рӯзе 3 маротиба пеш аз хӯрок 20 граммӣ бинӯшед. Ногуфта намонад, ки ин ду гиёҳ фишори хунро паст мекунанд. Аз ҳамин хотир касоне, ки фишорашон паст аст, бояд ба он решаи зарбеҳ (золотой корень) илова намоянд.

 

Нусхаи дигар

2 қошуқча сиркои себиро дар 200 грамм об андохта кобед ва ба он каме асал илова намуда, нӯши ҷон созед. Ин нусха натанҳо баданро пок месозад, балки сарчархиро низ бартараф менамояд. Одамоне, ки аз бехобӣ азият мекашанд, онро бинӯшад, бароҳат хоб мераванд.

 

«Оила.тж»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...