Аллергия. Роҳҳои халосӣ аз он кадом аст?

Аллергия. Роҳҳои халосӣ аз он кадом аст?

Аллергия – ин вокуниши масъунияти бадан буда, дар ҳолатҳои ногувор ба вуҷуд меояд. Яъне ҳангоми истеъмоли маводҳои нодуруст ё дорувориҳои пастсифат метавонад ба вуҷуд ояд. Аллергия – ин аксуламалиорганизм мебошад.

 

Аллергия намудҳои зиёд дорад, ба монанди ғизоӣ, доругӣ, аз таъсири газидагии ҳашарот, ҳайвонҳо, аз чангу ғубор, офтоб ва ғайраҳо.

Ҳеҷ гоҳ гуфта наметавонем, ки ғизои истеъмолкардаи мо метавонад ба роҳатӣ ба организми мо ворид шуда, аксуламале нишон надиҳад. Вале таҷрибаҳо нишон додаанд, ки организм дар баъзе ҳолат нисбати оддитарин ғизои истеъмолшуда, ба монанди сабзавот, ғизоҳои тезтайёр, маҳсулоти ширӣ аксуламал нишон диҳад.

Аллергия ё аксуламали организм аз маводҳои доругӣ, пас аз истеъмоли ин ё он дору ба вуҷуд меояд. Қайд кардан бамаврид аст, ки як номгӯи дору наметавонад ба як гуруҳ таъсири якхела расонад ва ё безарар бошад. Дар ин сурат бояд эҳтиёткор буд ва дар хонаҳои хеш нӯшдоруҳоеро, ки зидди аллергия ҳастанд ва ҳолатҳои ногуворро ба зудӣ бартараф мекунанд, нигоҳ доштан муфид аст.

Нуқтаи дигар ин аст, ки аллергия танҳо хоси калонсолон набуда, дар кӯдакон низ дида мешавад. Чун кӯдакон бештар ба ҳар ҷойҳо даст мерасонанду ашёҳоро ба даҳон мегиранд, ё ин ки ягон ҳашарот ё ҳайвони заҳрнок мегазад ва онҳо бештар ба ин ҳолат дучор мешаванд, яъне аксуламали организм бештар дар пӯсташон пайдо мешавад. Дар ҳар кӯдак метавонад аллергияи гуногун пайдо шавад, масалан, дар баданаш хоришак пайдо шавад, сару рӯй ва тамоми баданаш варам кунад, табларза азият диҳад. Ҳамаи ин нишонаҳои аксуламали организм аст, ки дар натиҷаи ин ё он ҳолати зикргардида пайдо мешавад.

Мутаассифона, аксари одамонро вохӯрдан мумкин аст, ки аллергияи мавсимӣ азият медиҳад ва ҳатто дар чангу ғубор низ худро нороҳат ҳис карда, атса мезананду оби бинӣ ва чашмонашон ҷорӣ мешавад. Албатта ин ҳолат шахсро нороҳат месозад ва мехоҳад ҳарчи зудтар аз чунин вазъият раҳо ёбад. Барои ин ба духтури аллерголог муроҷиат кардан муҳим аст ва доруҳои рафъкунандаи ин бемориро истеъмол намудан муфид мебошад.

Айни замон кам касоне ҳастанд, ки дар дохили нақлиёт ё истгоҳҳо сулфа накунанд ё атса назананд. Ин ҳолат низ давраи муайяни худро дошта, дар ҳавои сард бештар хурӯҷ мекунад. Чунин нафарон низ бояд ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳанд ва доруҳои зидди аллергикиро истифода баранд.

Нуқтаи дигар ин аст, ки занҳои ҳомиларо низ ин ҳолат нигарон кардааст. Аз рӯи далелҳо ҳар як сеюмин зани ҳомила дучори аллергия мешавад, ки онро тағйирёбии гармонҳо меҳисобанд. Чун давраи ҳомилагӣ давраи хеле нозук аст, тавсия медиҳем, ки ҳамаи маводҳои доругиро бо тавсияи духтури минтақавиятон мувофиқа карда, баъдан истеъмол намоед.

Якчанд сабабҳои пайдо шудани аллергия вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо ирсӣ мебошад. Зиёд шудани бемориҳои аллергикӣ аз таъсири муҳити атроф буда, ғизои носолим, ҳолати ҳаяҷонӣ, аз ҳад зиёд истифода кардани маводи доругӣ сабаб шуда метавонад.

Аз ин рӯ, кӯшиш кунед, ки тибқи меъёрҳои қабулшуда ғизои солимро истеъмол намоеду доруҳоро дар асоси таъиноти духтур истифода баред, то худу фарзандонатонро аз бемориҳои гуногуни аллергикӣ нигоҳ доред.

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...


Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин...


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...