Карам – давои панкреатит

Карам – давои панкреатит

Карам барои саломатии инсон фоидаи калон дорад. Дар таркиби он қанд, кислотаҳои органикӣ, витаминҳо (С, Р, В, В2, РР, К, Е) ва каротин, пантотен ва кислотаи фолий, равған, ферментҳо, калий, калтсий, йод, марганес, оҳан ва намакҳои дигар элементҳо ҳаст. Барги карами резакардаро ба сӯхтаҳо, ҷойи хунукзада, захмҳои пӯст компресс кунанд, шифо ёфтани захмҳоро метезонад.

 

Пайвасткунакҳое, ки дар карам ҳаст, фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар, организмро аз токсинҳо ва холестеринҳои гуногун тоза мекунад ва дар рӯдаҳо микрофлораи судмандро ташкил медиҳад. Нӯшидани шарбати карам метавонад панкреатит, захми меъда, гастрит, холетсистит, пиэлонефрити музминро табобат кунад. Барои кам кардани миқдори шакар дар хун, ба шарбати карам оби ширгарм илова кунед ва ним соат пеш аз хӯрок чоряк истакон нӯшед. Ҳангоми зардпарвин, қабзият, гастрит, дисбактериоз ва хастагии доимӣ нӯшидани шарбати карам тавсия дода мешавад. Нӯшидани шарбати карам барои рафъи доғҳои рӯй кумак мекунад.

 

Чаро дандонҳои кӯдак мепӯсанд?

Духтарам нав 10-сола шудааст, вале ягон дандони сиҳат надорад. Тамоми дандонҳояш пӯсида, сиёҳ шудаанд. Аллакай чанд дандонашро кандем. Барои пешгирӣ чӣ тавсия медиҳед? ГУЛНИГОР, шаҳри Ҳисор - Пӯсидану афтодани дандонњо ба бисёр омилњо вобастагӣ дорад. Тартиби хӯрокхӯриро риоя накардан, норасоии витаминњо, дандонҳоро ҳар рӯз субҳу шом нашустан, тез-тез ва бисёр ширинӣ хӯрдан боиси пӯсидану афтодани дандонҳо мегардад. Як қатор бемориҳо, аз ҷумла хурўсак ва обаки дандон низ метавонад касро бармаҳал аз дандонҳо маҳрум созад. Барои он, ки дандонҳо солиму бардам монанд, таомњои хамириро камтар хӯрда, бештар хӯрокеро истеъмол намудан лозим аст, ки дар таркибаш фосфор ва калсий дошта бошад. Ҳанӯз ҳам дер нашудааст, духтаратонро ба назди ягон духтури хубӣ дандон бурда, аз пайи табобат шавед.

 

Диабети қанд 3 усули халқии табобат

Бемории диабети қанд яке аз бемориҳоест, ки мутаассифона, дар ҷомеаи мо теъдоди гирифторони он зиёд мешавад. Вале диабети қанд шудан охири кор нест. Инсон метавонад бо ин беморӣ ба осонӣ мубориза барад. Барои он ки қанди хунатон аз ҳад зиёд боло рафта, ҳоли шуморо табоҳ насозад, бояд се шартро ҳатман риоя намоед. Қабл аз ҳама, кӯшиш кунед, ки ғамро аз дил берун намуда, ҳамеша асабҳоятонро ором нигоҳ доред. Шарти дувум - ин риоя намудани парҳез мебошад. Шумо бояд аз хӯрдани шириниҳо, нони сафед ва ғизоҳои равғанӣ худдорӣ намоед. Шарти савум табобати пайваста аст. Табиби мардумӣ Садриддиншоҳи Насриддиншоҳ се давои содаро ба шумо тавсия медиҳад: 1. 100 гр тухми ҷавро дар зарфе андозед ва аз болояш як литр оби ҷӯшидагӣ резед. Даҳони зарфро маҳкам кунед ва бигзоред ду шабонарӯз истад. Рӯзи сеюм дору тайёр мешавад. Рӯзе 3-4 бор аз ин даво якистаконӣ бинӯшед, беҳбудии комилро эҳсос хоҳед кард. 2. Барги тути сиёҳ барои гирифторони диабети қанд ва касоне, ки гурдаашон иллат дорад, давои хубест. 40 гр барги тут, 20 гр барги газна ва 40 гр пӯсти лӯбиёро дар зарфе андозед ва аз болояш ним литр об рехта, муддати 10 дақиқа биҷӯшонед. Пас аз ин оташро хомӯш кунед ва монед ним соат ё як соат истад, баъдан даворо полонда, рӯзе 2 маротиба 50-100-граммӣ нӯши ҷон созед. 3. Барги биҳӣ, барги чормағз, барги газна ва барги мушхорро ба андозаи баробар гирифта, хушк кунед ва кафмол намуда, омехта созед. Ду қошуқашро дар ним литр об ҳамагӣ ду се-дақиқа ҷӯшонида, оташро хомӯш намоед. Тахминан ним соат пас даворо аз дока полонед ва рӯзе 3 маротиба 50-граммӣ бинӯшед. Саломат бошед!

 

Азиз Нақибзод

 

 

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Дар Тоҷикистон танҳо 10 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ даҳ нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт ҳастанд. Бино ба иттилои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати кишвар, сафи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки соли 1941 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд ва дар қайди ҳаёт ҳастанд, кам шудааст. Гуфта мешавад, ки дар давраи...


Саволу ҷавоб

Агар ҳангоми намоз хондан аз рӯи ҷойнамоз як ҳайвон ё кӯдаки хурдсол гузарад, оё намоз қатъ мешавад? Не, намоз аз сабаби гузаштани чизе аз пеши намозгузор ботил намегардад. Агар шахси оқил бо қасди худ аз пеши намозхон убур кунад, худи ҳамон шахс гунаҳгор мешавад, аммо дар намози намозгузор ҳеҷ...


Наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA шуданд

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) қаҳрамони мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) гардид. Тими мо дар даври охир бо Ӯзбекистон мусовии 0:0 анҷом дода, бо 10 имтиёз ҷойи аввалро касб кард. Мусобиқа бо иштироки 5 даста — Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон,...


Чаро кӯдак дар хобаш гап мезанад?

Дар хобаш гап задани шахсро дар тиб «сомнилоквия» меноманд ва он аз насл ба насл мегузарад. Олимон бар он назаранд, ки сомнилоквия асосан бар асари стрессе, ки шахс дар давоми рӯз аз сар мегузаронад, пайдо шуда, дар натиҷа одам дар хоб худ ба худ гап мезанад.   Бояд гуфт, ки ин...


Шарму ҳаё

Ҳамду сано Парвардигореро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари ростгўю ростқавл Ҳазрати Муҳаммад ﷺ ва хонадону ёронаш бод.   Шарму ҳаё. Ин ду калима хеле маънои васеъро дар бар мегиранд. Агарчанде калимаи шарм дар луғатномаҳо бо ҳар забон тарҷума шудааст,...