Сабабҳои бемориҳое, ки дар фасли баҳор авҷ мегиранд

Сабабҳои бемориҳое, ки дар фасли баҳор авҷ мегиранд

Сабабҳои бемориҳое, ки дар фасли баҳор авҷ мегиранд

Баҳор яке аз зеботарин фаслҳои сол буда, табиат қабои сабз ба бар мекунад ва дашту даман гулпӯш мегардад, вале имсол ба Тоҷикистони офтобии мо баҳор бо барфу боронҳои шадид омада, ҳаво сард шуд.

 

Албатта, ин боиси авҷ гирифтани бемориҳои баҳорӣ мегардад. Мо дар бораи бемориҳое маълумот медиҳем, ки дар оғози фасли баҳор авҷ мегиранд. Ба ҳар хел бемориҳо гирифтор шудани одамон айёми баҳор чанд сабаб дорад: 1. Ҷисми инсон дар давраи зимистон қариб тамоми захираҳои худро сарф карда, дар фасли баҳор бо мушкили норасоии витамину минералҳо рӯ ба рӯ мешавад. Ин боиси суст шудани масъуният (иммунитет) гашта, бунияи (организми) заифгашта наметавонад ба мисли пештара муқобили ҳар хел бемориҳо фаъолона мубориза барад. 2. Ҳавои баҳорӣ хеле инҷиқ буда, гоҳо офтоб мебарояду гоҳи дигар борону жола ва ҳатто баъзан барф ҳам меборад. Зуд-зуд тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво ба саломатии мо - инсонҳо таъсири манфӣ мерасонад. 3. Аксари одамон бо мушоҳида намудани офтобаки баҳорӣ, дарҳол аз баҳри либоси гарм баромада, либосҳои тунук мепӯшанд. Ҳавои намнок, тез-тез гарму хунук шудани бадан ва заиф будани буния (иммунитет) боиси зуд шамол кашида, ба зуком, бронхит, назла (гайморит) ва дигар бемориҳои мавсимӣ гирифтор шудан мегардад.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...