7 фоидаи бо хурмо кушодани рӯза

7 фоидаи бо хурмо кушодани рӯза

7 фоидаи бо хурмо кушодани рӯза

 

Дар Ислом, вақте мусалмонҳо рӯза медоранд, тавсия дода шудааст, ки пас аз ғуруби хуршед рӯзаашонро бо хурмо кушоянд, яъне аввалин ғизое, ки рӯзадор ба даҳон мебарад, бояд хурмо бошад.

 

Бо хурмо кушодани рӯза суннати паёмбар ба шумор меравад. Мехоҳед донед, ки чаро рӯзаро бо ягон мева ё хӯроки дигар нею маҳз бо хурмо кушодан лозим аст? Пас мутаваҷҷеҳ бошед! Ба хотири манфиатҳои зиёд доштанаш ба саломатӣ маҳз бо хурмо рӯза кушоданро ба одамони рӯзадор тавсия медиҳанд. Фоидаҳои асосии хурморо пешниҳоди шумо месозем.

  1. Хурмо манбаи шакар буда, баробари хӯрдан ба бадани одам неру мебахшад.
  2. Хурмо саршор аз витаминҳои А, B ва минералҳои муҳим буда, мушкили норасоии витаминҳоро дар организми инсон дар моҳи шарифи Рамазон пешгирӣ менамояд.
  3. Дар таркиби хурмо калий зиёд буда, дандон ва устухонҳоро пурқувват месозад.
  4. Истеъмоли хурмо барои дил ва системаи ҳозима муфид мебошад. 5. Миҷози хурмо гарм ва консентратсияшаванда буда, барои барқарор кардани қуввату дармон кумак мерасонад.
  5. Хурмо хӯрдан хоби бароҳати инсонро таъмин менамояд.
  6. Бо хурмо рӯза кушодан суннати паёмбар аст. Ҳазрати Муҳаммад (с. с.) таъкид кардаанд, ки рӯзаи худро бо хурмо кушоед. Ин суннат барои мусалмонҳо роҳнамо аст. Аммо вақте хурмо набошад, паёмбар рӯзаашро бо об мекушод ва мусалмонҳо ба ин суннат низ эҳтиром мегузоранд. Хулоса, бо хурмо кушодани рӯза натанҳо риояи суннати паёмбар мебошад, балки барои саломатии одамони рӯзадор низ муфид аст.

 

 

 

«Маҳина Раҳимзода»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...