5 усули халқии пешгирии саратон

5 усули халқии пешгирии саратон

5 усули халқии пешгирии саратон

Саратон. Бо шунидани ин калима ба дили кас ҳарос меафтад, зеро саратон аз зумраи бемориҳое мебошад, ки табобаташ бениҳоят душвор ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто номумкин аст. Аммо мисли тамоми бемориҳои дигари мавҷуда саратонро низ пешгирӣ кардан мумкин аст. Имрӯз мо ба шумо дар бораи роҳу усулҳои халқии пешгирии касалии саратон маълумот медиҳем. Ин усулҳо хеле арзон ва безарар буда, фоиданокии ҳар яки онҳо дар мубориза бо ҳуҷайраҳои саратон аз ҷониби олимон собит гаштааст.

 

 

  1. Бештар оби чашма нӯшед!

Барои пешгирӣ намудани касалии саратон бештар оби тоза нӯшидан лозим аст. Дар як рӯз шахс бояд на камтар аз 2 литр оби чашма ё оби дигари тозаро нӯши ҷон созад. Об заҳрҳоро аз ҷисми инсон бароварда, дар мубориза бо аллергия кӯмак мерасонад ва касалии саратонро пешгирӣ мекунад. Исбот шудааст, ки шахсони дар як рӯз бештар аз 2 литр оби тоза менӯшида 2 маротиба камтар ба касалии саратон гирифтор мешаванд.

 

  1. Лаблабу хӯред

Бисёриҳо ба лаблабу нописандона менигаранд, вале дар асл ин сабзавот барои организми инсон бениҳоят фоиданок аст. Лаблабу кори ҷигарро ба низом медарорад, хунро тоза мекунад ва моддаҳоеро, ки боиси пайдоиши ҳуҷайраҳои саратонӣ мегарданд, аз ҷисми инсон мебарорад.

 

  1. Помидор ва сабзӣ

Тавсияи сеюме, ки барои пешгирии бемории саратон дода мешавад. ин бештар истеъмол намудани помидор ва сабзӣ мебошад. Дар таркиби ин ду сабзавот витамини А зиёд буда, кори тамоми узвҳои дохилии инсонро ба низом медарорад.

 

  1. Муъҷизаи равғани зағир

Дар мубориза бо ҳуҷайраҳои саратонӣ равғани зағир низ хеле муфид аст. Истифода бурдани равғани зағир дар хӯрок ба ҷисми инсон ёрӣ мерасонад, ки барои несту нобуд кардани ҳуҷайраҳои саратонӣ моддаҳои заруриро ҳосил намояд.

 

  1. Мевагӣ хӯред

Барои пешгирии касалии саратон бештар ба ҷисми инсон витамини С лозим аст. Барои ҷисми худро бо ин витамин шодоб гардонидан шахс бояд бештар сабзиҷот, меваҳои тару тоза ва махсусан меваҳои ситрусӣ хӯрад. Қобили зикр аст, ки тамоми витаминҳо барои ҷисми инсон заруранд, вале витамини С мақоми махсус дорад, зеро он ҳуҷайраҳои саратониро несту нобуд месозад.

 

Фирӯза Сатторӣ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...