Канзи шифо

Канзи шифо

Анор сактаи дилро пешгирӣ мекунад?

Аз рӯи миқдори витамин ва моддаҳои муфид анор дар байни тамоми меваҳо ҷойи аввалро ишғол менамояд. Дар таркиби ин меваи дилкаш ва иштиҳоовар шаш намуд аминокислотаҳои фоиданок, ғайр аз ин, оҳан, натрий, калий, танин ва клетчака фаровон аст.

 

Анор хатари гирифтор шудан ба сактаи дилро кам карда, ҳамзамон бемориҳои саратон, махсусан саратони синаи занро пешгирӣ мекунад.

Табибон ба маризоне, ки омоси саратонӣ доранд ва кимиёдармонӣ гирифтаанд, бештар анор хӯрданро тавсия медиҳанд.

Шарбати анор ба кас нерӯи тоза бахшида, асабро ором мекунад, ҳамзамон муқобили шамолкашӣ ва бемориҳои сироятӣ мубориза мебарад.

 

 

Давои фишорбаланди

Дар тиби мардумӣ пӯсти картошкаро барои паст кардани фишори хун истифода мебаранд.

 

Қоидаи тайёр кардани даво: Пӯсти картошкаро бо об омехта, муддати даҳ дақиқа меҷӯшонем. Сипас, онро хунук намуда, муддати як шабонарӯз аз 2 то 4 қошуқ пеш аз хӯрок истеъмол менамоем. Ин беҳтарин ва безарартарин давои фишорбаландӣ аст. Ҳамчунин, ин моеъ шамолхӯрии роҳи нафас (бронхит)-ро пешгирӣ мекунад.

 

 

Нахӯрда, фарбеҳ мешавам. Сабаб чист?

Ман ҳамеша харобу химчамиён будам. Вақтҳои охир яку якбора вазнам зиёд шуда истодааст. Бинобар ин, қарор додам, ки хӯроки нисфирӯзиро мехӯраму хӯроки шомро не. Вале хароб намешавам. Сабаб чист?

 

Ба саволи шумо табиб Сафаралӣ Самадов ҷавоб медиҳад:

- Хӯроки шом нахӯрдан ба он оварда мерасонад, ки организми шумо ба ҷои чарбҳоро сӯзонидан ба режими фаъолтари боз ҳам зиёдтар захиракунии онҳо шуруъ менамояд. Бо ин роҳ шумо на хароб, балки фарбеҳтар шудан мегиред. Барои ҳамин ҳам шуморо лозим аст, ки шомгоҳон ба ҷои хӯрокҳои серравғану серғизо хӯроки сабукҳазм истеъмол кунед. Масалан, фалла бо як қошуқ асал, 50 мл йогурт, 100 мл ҷурғот ё кефир бо кабудии майдарезакардашуда, калсийи маҳсулоти ширӣ дар сӯхтани чарбҳо хеле фаъоланд. Аммо шабҳангом ширинӣ нахӯред. Махсусан, шоколад! Шоколад дар таркиби худ калорияи зиёд дорад. Вале агар бе он ҳам наметавониста бошед, шоколади вазнаш то 50 грамм бударо танҳо рўзона хӯред, кифоя аст. Онҳое, ки ҳамеша андоми зебо доранд, таркиби хӯрокашонро аз меваҷоту сабзавот хеле бой сохтаанд. Масалан, бо мақсади дар организмашон паст намудани калориянокӣ шарбати меваҷотро бо иловакунии оби ҷӯшонидашудаи хунук омехта менӯшанд. Онҳо ҳангоми гурусна шудан хушкмева мехӯранд. Алалхусус зардолуқоқро. Хушкмеваро аз супермаркетҳо нахаред. Барои он ки бо мақсади намуди ҷалбкунанда гирифтанаш бо роҳҳои гуногун мешӯянду меомезанд. Онро беҳтараш аз бозорҳо харидорӣ кунед.

 

 

 

Чанд далел барои тарки сигоркаши

Зарарнок будани сигоркашӣ ба саломатии инсон ҳақиқати бебаҳс аст. Ҳоло доир ба фоидаи даст кашидан аз ин одати бад чанд далел манзур мекунем, то охирин шубҳаи сигоркашҳо рафъ гардад ва онҳо дар фикри барқарорсозии саломатии хеш шаванд.

 

  1. Нахустин дигаргунӣ аз қатъи сигоркашӣ аллакай пас аз 20 дақиқа ба амал меояд: гардиши хун беҳтар гашта, ҳассосияти ангуштони дасту по зиёд мешавад.
  2. Баъди 8 соат миқдори оксиди карбон коҳиш меёбад, яъне дараҷаи оксиген дар хуни шумо аз нав ба эътидол меояд.
  3. Пас аз ду рӯзи сигор накашидан организм аз никотин тоза мешавад. Дар баробари ин, эҳтиёт бояд шуд, ки бо пурра аз организм баромадани никотин хоҳиши сигоркашӣ меафзояд.
  4. Баъд аз ду рӯзи тарки сигор ретсепторҳои таъм боз муътадил кор хоҳанд кард.
  5. Бо гузашти ду рӯз шумо бӯйро хубтар ҳис мекунед. Акнун нияти аз баҳри одати бад баромадан ва аз бӯи форами садбарг ҳаловат бурданро авлотар меҳисобед.

 

 

Роҳи раҳои аз фаромӯшхотири

Истеъмоли шоколад кори мағзи сарро хуб ва ҳофизаро қавӣ мегардонад. Инро мутахассисони Донишгоҳи Австралияи Ҷанубӣ муайян кардаанд.

 

Пажуҳишгарон дар асоси 30 соли мушоҳидаи 1000 ихтиёрӣ ба хулоса омадаанд, нафароне, ки ҳафта як маротиба ё бештар аз он шоколад истеъмол мекунанд, масъалаҳои гуногуни зеҳниву ақлониро беҳтар ҳал менамоянд. Бо ёрии шоколад, ҳамчунин, метавон хавфи диабети қандро кам кард.

 

 

Манфиатҳои шарбати лаблабу

Манфиати шарбати лаблабу барои организм хеле калон аст. Зеро ҳар як витамину минерал ба саломатии умумӣ таъсири мусбат мерасонад.

 

Дар таркиби шарбати лаблабу чунин витаминҳои фоидаовар мавҷуданд:

Оҳан, ки дар шарбати лаблабу мавҷуд аст, барои ба эътидол овардани сатҳи гемоглобин дар бадан мусоидат мекунад.

Йод фаъолияти мағзи сарро беҳтар мекунад ва тавлиди пайвастҳои нави хотираи нейрониро ҳавасманд месозад.

Кислотаи фолий барои ба эътидол овардани интиқоли оксиген дар тамоми организм мусоидат мекунад, аз ин рӯ, мушакҳо ва бофтаҳо тамоми моддаҳои барои фаъолияташон заруриро мегиранд.

Магний пайдоиши лахтаҳои хунро пешгирӣ мекунад, пешгирии аълои тромбоз, сактаи дил ва инсултро таъмин мекунад.

Натрий ва калтсий минералҳои муҳим барои фаъолияти системаи рагҳо мебошанд, ки ба таври иловагӣ системаи устухонро мустаҳкам мекунанд.

Хлор гурда ва ҷигарро тоза мекунад, кори системаи лимфаро ба эътидол меорад. Чунин фактро ба назар гирифтан лозим аст, ки шарбати лаблабу ҳам ба организми зан ва ҳам мард таъсири мусбат мерасонад.

 

 

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...