Фоида ва зарари харбуза

Фоида ва зарари харбуза

Фоида ва зарари харбуза

Имрӯзҳо бозорҳо пур аз тарбузу харбуза шуда, чашми кас аз дидани меваю сабзавоти фаровон барқ мезанад. Махсусан аз накҳати гуворо ва бӯйи хуши харбуза даҳони одам об мекушояд. Ман харбузаро хеле дӯст медорам, вале модарам мегӯянд, ки беҳтараш тарбуз хӯрам, чунки харбуза зарарнок аст. Магар дар ҳақиқат чунин аст?

 

Посух: - Харбуза аз ҷумлаи ғизоҳои зудтаъсиркунанда буда, баданро фарбеҳ мегардонад. Хӯрдани харбуза дарунро пок мегардонад. Он гиреҳи узвҳоро мекушояд, вале харбузаро бо ғизоҳои вазнин, масалан бо панир бихӯранд, баръакс дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад. Тухми харбузаро кӯфта, ба ҷойҳои варам гузоранд, онро рафъ мекунад. Он ҳатто варамҳои сахтро кам мекунад. Дарди чашмро сокин мегардонад. Барои расонидани қуввати давоҳо ба ҷигар ва ба роҳҳои пешоб бағоят таъсирбахш мебошад. Беҳтарин вақти тановули харбуза байни хӯрдани ду таом аст.

 

Фирӯза Саттори

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...