Роҳҳои пешгирии арақкунй

Роҳҳои пешгирии арақкунй

Роҳҳои пешгирии арақкунй

Баробари оғоз шудани фасли тобистон, чизе, ки зану мардро баробар ба ташвиш меорад - ин арақ кардан аст.

 

Дар ҳавои 40-50% гарм баъзан ҳатто дезодорантҳои қимматбаҳо низ пеши роҳи арақкуниро гирифта наметавонанд, вале воситаҳои оддии халқие ҳастанд, ки одамро аз тар шудан дар обу арақ наҷот медиҳанд. Гиёҳоб ва маҳлулҳо Растаниҳои табобатӣ барои рафъ намудани бӯйи нохуши арақи бадан таъсири олиҷаноб мерасонанд. Аз ҷумла булут ё календула арақи баданро ба зудӣ хушк мекунад. 1 қошуқ решаи дарахти булутро дар як истакон оби ҷӯшида, дар болои оташи паст 15 дақиқа ҷӯшонед ва баъди хунук шуданаш бо ин об ҷойҳои арақмекардаи пӯстатонро тоза кунед. Барои дар чунин гиёҳоб нигоҳ доштани пойҳо 3 қошуқ пӯсти дарахти булутро ба зарфе андозед ва аз болояш оби ҷӯшида рехта, монед тақрибан як соат истад, баъдан обро полонида, пойҳоятонро 15- 20 дақиқа дар он нигоҳ доред. 2 қошуқ гулҳои хушки календуларо дар 1 литр оби ҷӯшидагӣ камтар ҷӯшонед, сипас аз дока полонда, поятонро дар ин об нигоҳ доред.

 

Маслиҳатҳои муфид

Барои он ки атрофиён аз бӯйи арақи бадани шумо гурезон нашаванд, чанд қоидаи оддиро риоя намоед. Аз дезодорант ва антиперспирант истифода баред. Шумо бояд фарқи дезодорантро аз антиперспирант донед. Бӯйи дезодорант бӯйи арақро маҳв месозад, антиперспирант бошад, монеи арақ кардан мегардад. Барои он ки ба саломатиятон зарар нарасад, баъди 8 соати молидани антиперспирант онро шустан лозим аст. Кӯшиш накунед, ки бӯйи арақро бо атр пинҳон созед. Агар шумо бӯйи арақи бадани худро эҳсос мекарда бошед, донед, ки шахсони дар паҳлуятон нишаста аз ин бӯйи бад аллакай нафасгир шуда истодаанд.

 

Даво аз яхдон

Баъзе намудҳои маҳсулот арақкуниро кам ва бӯйи нохушро рафъ месозанд, аз ҷумла, сиркои себин, шарбати лимӯ ва содаи хӯрока. Миқдори баробари об ва содаро омехта карда, ба таги каш ва пошнаи пойҳоятон молед. Шарбати лимӯ пӯстро хушк месозад ва ба микроорганизмҳо имкон намедиҳад, ки афзоиш ёфта, бӯйи нохушро ба вуҷуд биёранд. Шарбати лимӯ барои пӯсти ҳасоси таги каш тавсия дода намешавад, вале барои пошнаи пой айни муддао аст. Дар 1 истакон об 1 қошуқча содаи хӯрока андохта, кобед, антиперспиранти табиӣ омода мегардад. Оби бисёр нӯшед! Гигиенаро риоя намуда, оби зиёд менӯшида бошед, арақи шумо бояд бӯйи бад надошта бошад. Бӯйи нохуши бадан нишонаи як қатор бемориҳост. Аз ҷумла: Ҷӯробҳоятон бӯйи бад мекарда бошанд, донед, ки гирифтори бемориҳои замбурӯғӣ гаштаед. Бӯйи аммиак доштани арақи бадан гувоҳи бемориҳои ғадуди сипаршакл ва баландшавии қанд дар хун мебошад. Бӯйи атсетон аксаран аз касалии қанд ва бемориҳои гурда дарак медиҳад. Бӯйи хлор аз халалёбии кори ҷигар ва гурдаҳо далолат медиҳад. Бӯйи моҳӣ баъди истеъмоли антибиотик ва бемориҳои рӯдаву меъда пайдо мешавад.

 

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...