Асал иммунитетро мустаҳкам месозад

Асал иммунитетро мустаҳкам месозад

Мардуми тоҷик аз қадимулайём асалро давои сад дард мешуморанд. Имрӯз илми тиб низ собит сохтааст, ки асал дар баробари як ғизои лазиз буданаш ба чандин дардҳо давост.

 

Одатан шабона механизмҳои асосии ҷисми инсон фаъол мегарданд ва истеъмоли як қошуқча асал пеш аз хоб ба сӯхтани чарбҳо ва суръатбахшии мубодилаи моддаҳо мусоидат менамояд. Шабона асал хӯрдан ба барқароршавии ҳуҷайраҳои ҷигар таъсир мерасонад. Асал системаи муҳофизатии организм - иммунитетро мустаҳкам мекунад. Барои пешгирии бемориҳои вирусӣ ва бактериявӣ истеъмоли якҷояи асал ва сирпиёз фоидаи калон дорад. Асал баданро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад, гиреҳҳо ва рагҳоро мекушояд. Балғами часпак ва рутубатҳоро нест мекунад, онҳоро аз ҷойҳои чуқур ва дури бадан мекашад ва ҳамчунин моддаҳои нодаркорро аз майна хориҷ менамояд. Асал санги гурдаро майда карда мерезонад. Асал ба шамолхӯрӣ ва дарди меъдаю рӯда давост. Асал камхуниро бартараф мекунад. Асал аз антиоксидантҳо бой буда, бадан ва қалбро аз пиршавӣ муҳофизат мекунад. Асал дорои хосияти зидди бактерияҳо, занбӯруғҳо ва вирусҳо буда, ба дарди гулӯ ва сулфа даво аст.

 

«Оила.тж»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...