Хоб — кафили саломатӣ

Хоб — кафили саломатӣ

Хоб кафили саломатии хуб аст. Агар хоб вайрон шавад, дар саломатӣ мушкилот сар мезанад. Диетологҳои олмонӣ муайян кардаанд, ки дар баробари реҷаи ҳаррӯза, ғизои мо ба сифати хобамон низ таъсир мерасонад.

 

 

Камхобӣ масуниятро заиф месозад ва диққатнокиро коҳиш медиҳад. Баъзе одамони камхоб бештар хӯрок мехӯранд ва вазн мегиранд — ин аз норасоии энергия аст.

Бар асари бехобӣ инсон метавонад гирифтори фишорбаландӣ ва бемории диабети қанд шавад. Ҳамзамон бехобӣ хатари пайдоиши бемории алсгеймер ва деменсияро зиёд мекунад.

Ин хӯрокҳо боиси бехобӣ мешаванд:

— Нӯшидани қаҳва баъди нисфирӯзӣ сабабгори бехобӣ мегардад.

— Шоколад хӯрдании лазиз бошад ҳам, какаои таркиби он дорои модаи теобромин буда, хобро халалдор месозад.

— Истеъмоли хӯриш ва сабзавоти хом пеш аз хоб низ боиси бехобӣ мегардад, зеро дар меъда ҳазм нашуда, дамиши шикамро ба вуҷуд меорад.

— Хӯроки қаланфурдор низ бо сабаби модаи капсаитсин доштанаш ҳарорати баданро баланд намуда, сабабгори бехобӣ мегардад.

— Сирпиёз (чеснок) низ боиси дамиши шикам ва ташна шудан гашта, хобро вайрон мекунад.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...