5 қадам ба сӯйи дарозумрӣ

5 қадам ба сӯйи дарозумрӣ

5 қадам ба сӯйи дарозумрӣ

Федерика Аматӣ, пизишки амрикоӣ дар суҳбат бо “Express” барои дароз кардани умр панҷ маслиҳат додааст. Ӯ дар харита панҷ минтақаро бо ранги кабуд ишора кардааст, ки мардумаш аз сад сол зиёд умр мебинанд: ҷазираи Окинаваи Ҷопон, ҷазираи Сардинияи Италия, ҷазираи Икарияи Юнон, нимҷазираи Никоя дар Коста-Рика ва шаҳри Лома-Линдаи иёлоти Калифорнияи Амрико.

 

Чуноне хонум Аматӣ қайд кардааст, аввалин сирри дарозумрии мардуми минтақаҳои дар боло зикршуда ба ғизои рӯзмарраи онҳо вобаста будааст. Онҳо парҳези растанигиро риоя карда, бештар мева, сабзавот ва ғалладона истеъмол мекардаанд. Яъне, агар умри дароз дидан хоҳед, пас бештар меваҷоту сабзавоти тару тоза истеъмол намуда, аз ҳар гуна ғизоҳои хамирӣ ва серғизо, ки ба фарбеҳшавӣ оварда мерасонанд, худдорӣ намоед.

Маслиҳати дувум зиёд ҳаракат кардан мебошад. Коршинос шарҳ додааст, ки ҳамарӯза анҷом додани ҳаракати зиёд ба организми инсон зарурӣ буда, яке аз роҳҳои дароз кардани умр низ мебошад. Тамрин мекунед ё сайругашт, муҳим нест, муҳим он аст, ки ҳаракат кунед. Маслиҳати сеюм истеъмоли муътадил мебошад. Ба гуфтаи табиб, масалан, сокинони ҷазираи Окинаваи Ҷопон меъдаи худро 100% аз хӯрок пур намекардаанд. Онҳо ҳамеша кӯшиш мекардаанд, ки худро то 80% сер кунанду халос. Ин низ яке аз роҳҳои дароз кардани умр мебошад. Сокинони панҷ минтақае, ки дар боло номбар кардем, хӯроки шомро барвақттар мехӯранд ва пас аз он дигар чизе истеъмол намекунанд. Ин маслиҳати панҷуми хонум Аматӣ мебошад, ки ба дарозшавии умр мусоидат менамояд.

Дар охир коршинос аз кулли мардуми сайёра даъват ба амал овардааст, ки аз нӯшидани ҳамагуна машруботи спиртӣ худдорӣ намуда, аз асабонияту стресс дурӣ биҷӯянд. Тибқи оморҳо, то соли 2019 дар саросари ҷаҳон ҳамагӣ 533 ҳазор нафари синнашон аз 100 боло зиндагӣ мекардаанд, ки ин ба як миллион аҳолӣ 69 нафар рост меояд.

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...