Хатари офтобзанӣ

Хатари офтобзанӣ

Хатари офтобзанӣ

Чаро нурҳои хуршед одамро аз пой меафтонанд?

 

Дар фасли тобистон ҳамаи мо мехоҳем бештар сайругашт кунем, аз оббозӣ лаззат барем, дар гӯшаҳои хушҳаво истироҳат намоем.

 

Аз ин ҷост, ки дар тобистон ҳавзҳо ва масканҳои шиноварӣ аз истироҳаткунандагон пур мешаванд. Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш офтоб нури худро саховатмандона мепошад, ки ин баробари ҳузурбахш будан, паёмадҳои нохуш низ дорад. Офтобзанӣ чӣ гуна беморист? Муддати тӯлонӣ дар зери нури офтоб истодан пӯстро сӯзонида, боиси офтобзанӣ мешавад. Маҳз нурҳои гарми офтоб метавонанд барои ҳаёти мо хеле хатарнок бошанд. Барои ҳифзи пӯст аз нурҳои офтоб бояд аз малҳамҳои аз офтоб ҳифзкунанда, ки дорои фактори баланди муҳофизатӣ (SPF > 30) бошанд, истифода бурд. Фаромӯш накунед, ки малҳамҳои махсуси ҳифзкунанда танҳо пӯстро аз сӯхтан ҳифз мекунанд, вале аз офтобзанӣ муҳофизат карда наметавонанд. Офтобзанӣ як ҳолати патологӣ аст, ки бо вайрон шудани фаъолияти мағзи сар дар натиҷаи таъсири офтоб рӯй дода, ин ҳолат аз сабаби миқдори зиёди гармиро идора карда натавонистани организм ва дар сатҳи зарурӣ сард карда натавонистани бадан ба вуҷуд меояд. Дар ин раванд, баробари арақ кардани бадан, гардиши хун низ вайрон мешавад ва рагҳо васеъ мешаванд. Дар натиҷа гардиши хун дар тамоми бадан суст мешавад (суст шудани гардиши хун боиси тағйироти фаъолияти майна мегардад). Ин ҳолат метавонад ба оқибатҳои вазнин, ҳатто вайрон гардидани фаъолияти дил сабаб шавад. Нишонаҳои беморӣ Нишонаҳои офтобзанӣ инҳоянд: баландшавии таб, зиёдшавии набз, зуд-зуд нафаскашӣ, беқарорӣ ё ҳатто беҳушшавӣ, пӯсти хушку тафсон ва арақ накардан. Нишонаҳои беморӣ дарҳол аён намегарданд. Аксаран ҳангоми офтобзанӣ гумшавии иштиҳо баъди сайругашти тӯлонӣ дар ҳавои офтобӣ, бемадорӣ, инҷиқӣ, хоболудӣ, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ ба вуҷуд меояд. Ҳолатҳои сабук, миёна ва вазнини офтобзанӣ мавҷуд аст. Ҳолати сабуки офтобзанӣ боиси дарди сар, дилбеҳузурӣ, зиёдшавии набзи дил ва нафаскашӣ, васеъшавии гавҳараки чашм мегардад. Ҳолати миёнаи офтобзанӣ боиси дарди сар, гоҳ-гоҳ аз ҳуш рафтан, зиёдшавии набзи дил ва кӯтоҳ будани нафас, хунравии бинӣ, ҳарорати бадан, ки бо заъф, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ ҳамроҳӣ мекунанд, боиси якбора суст шудани ҳаракат мегардад. Ҳарорати бадан то 39 дараҷа мебарояд. Ҳолати вазнини офтобзанӣ аломатҳои ба худ хос дорад. Касеро, ки офтоб задааст, чеҳрааш аввал сурх, баъд кабуд мешавад, мушакҳояш танг шуда, дар пеши чашмонаш чизҳои гуногун мушоҳида мегарданд. Тавсия Ҳангоми офтобзанӣ амал кардан аз рӯйи тавсияҳои зерин фоидаовар аст: - одамеро, ки офтоб задааст, бояд ба ҷойи салқин, барҳаво (одам кам бошад) ва нам гузаронед; - ба таври горизонталӣ хобонда, пойҳояшро каме баланд кунед ва шамол диҳед; - либосҳоро, махсусан либосҳоеро, ки гардан ва қафаси синаро танг мекунанд, кашед; - рӯяшро бо оби хунук бишӯед; - ба сандуқи сина латтаи нам гузошта, тамоми баданро бо матои тар печонед ё барои оббозӣ дар оби ҳарораташ 18-20 дараҷа шароит фароҳам намоед; - ба пешонааш компресси хунук (як зарфи оби хунук ё ях) гузоред; - нӯшидани ҷурғот (қатиқ) (2-3 истакон ҷурғоти беравған) барои офтобзадагон дар давоми якчанд рӯз тавсия карда мешавад. Зеро ҷурғот яке аз беҳтарин воситаҳои барқарорсозӣ ва хунуккунии бадан аст; - дар вақти дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ роҳҳои нафасро аз қай тоза кунед, спирти новшадилро бӯй кунонед; - ҳангоми беҳушӣ нафаскашӣ ва таппиши дилро санҷед. Дар ҳолатҳои норасоии дил нафасгирии сунъӣ ва маҳс (массаж) кардан фоида дорад.

 

«Пресса.тж»

 

 

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Табрикоти Иди Қурбон

Ассалому алайкум, хонандагони азиз!   Бо фарорасии Иди саиди Қурбон — иди қурбонӣ, эҳсон ва наздикӣ ба Парвардигори оламон — шуморо самимона табрик мегӯям. Иди Қурбон ёдовари он рӯзест, ки Иброҳими халилуллоҳ омода буд гаронтарин дороии худ — писари худ Исмоилро — дар роҳи Худо қурбон кунад. Ва...


Беморие, ки аз никоҳи хешутаборӣ пайдо мешавад

Кормандони Маркази саратоншиносии Донишгоҳи Ҳарварди ИМА дар бобати саратоншиносии кӯдакон кашфиёт карданд. Онҳо генеро муайян карданд, ки барои инкишофи муътадили гурдаҳои кӯдакон масъул буда, дар хромосомаи Х-и занон маҳфуз аст. Новобаста аз он ки ген аз хромосомаи занона аст, мутатсияи он ҳам...


Хатсайри Душанбе-Москва дубора фаъол мешавад?

Масъалаи барқарор кардани ҳаракати қатораи мусофирбари мустақим дар масири Душанбе - Маскав миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини вазири нақлиёти Федератсияи...


Ҷарроҳии нодири лапароскопӣ бори аввал дар Тоҷикистон

Бори аввал дар Тоҷикистон бо истифода аз дастгоҳи муосири “Eye Max” ҷарроҳии гузоштани анастомоз байни рӯда ва маҷрои умумии талхагузари ҷигарӣ бо усули лапароскопӣ, инчунин ревизияи роҳҳои талхагузар анҷом дода шуд.   Ин амалиёти нодири ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияҳои...


Мулоқоти Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон

Дар шаҳри Қазон мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов доир шуд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мулоқот дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон –...