Ду роҳи осони харобшавӣ

Ду роҳи осони харобшавӣ

Ду-се соли охир хеле зиёд фарбеҳ шудам. Сабаби фарбеҳии ман шояд кори камҳаракат карданам аст. Дӯстон тавсия медиҳанд, ки машқ кардан даркор, вале бо сабаби зиёд будани вазнам давидан барои ман хеле душвор аст. Оё роҳи дигари харобшавӣ мавҷуд аст?

 

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:

– Фарбеҳии аз ҳад зиёд ба саломатии инсон зарар дорад, барои ҳамин кӯшиш кунед, ки вазни зиёдатиатонро ҳарчи тезтар партоед. Барои ин шумо бояд аз хӯрдани хӯрокҳои сергӯшт, хамирӣ ва равғанӣ қатъиян даст кашида, фақат хӯрокҳои сабуки обҷӯш ва меваю сабзавот истеъмол намоед. Кӯшиш кунед, ки баъди соатҳои 4-5-и бегоҳ дигар аслан хӯрок нахӯред. Шабона пеш аз хоб як кефир нӯшида, баъд ба ҷойгаҳ дароед, он ҳам дарунро поккорӣ мекунад ва ҳам ба партофтани вазни зиёдатӣ мусоидат менамояд. Ҳатман бо варзиш машғул шавед ва бештар дар ҳавои кушод пиёда роҳ гардед. Дар баробари ин амалҳо ман ба шумо боз чанд гиёҳеро тавсия медиҳам, ки ба об кардани равғани бадан мусоидат менамоянд:

Якум. Решаи чоқла, раҳдавак, пудинаи куҳӣ, риши ҷуворӣ, алафи газанда ва бобунаро ба андозаи баробар гирифта, ҳар рӯз ду қошуқ аз ин гиёҳҳои омехташударо дар зарфе андозед ва аз болояш 400 грамм оби ҷӯш резад. Пас аз ду соат гиёҳобро полонед ва дар як рӯз 3-4 маротиба нимпиёлагӣ пеш аз хӯрок бинӯшед. Ин амалро ду-се ҳафта ҳамарӯза такрор кардан лозим аст, то натиҷаи дилхоҳ ба даст ояд.

Дуюм. Як қошуқ риши ҷувориро дар термос андохта, аз болояш 200 грамм оби ҷӯшидаро резед ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед як-ду соат истад. Ин гиёҳобро рӯзе се маротиба ним соат пеш аз хӯрок нӯши ҷон намоед, дар давоми ду ҳафта хеле хароб мешавед.

«Пресса.тж.»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...