Пӯсти анор дарунравии кӯдаконро манъ мекунад?

Пӯсти анор дарунравии кӯдаконро манъ мекунад?

Писарчаи 7-солаам дарунрав шудааст. Аз сабаби он ки боз ду кӯдаки хурдсол дорам, наметавонам ҳамроҳаш дар беморхона хобида табобат бигирам. Чанд хел доруҳои зидди исҳол дода истодаем, вале фоидаашро ҳис накарда истодаам.

 

Мегӯянд, ки пӯсти анор аҷали шикамрав аст, вале тарзи истифодаашро намедонам. Барои ҳамин муроҷиат намудам, ки аз табиби машҳур Садриддиншоҳ Насриддиншоев маслиҳат пурсам. ИДИМОҲ, аз ш. Турсунзода Посухи Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:

- Пӯсти анор дар ҳақиқат дар табобати шикамрав давои бемисл аст. Тайёр карданаш чандон душвор нест. Пӯсти як дона анорро майда карда дар як литр об ҳамагӣ 20 дақиқа ҷӯшонед. Моеи ҳосилшударо дар давоми рӯз кам-кам ба духтарчаатон нӯшонед. Ман ба шумо боз чанд давои дигарро тавсия медиҳам, ки барои манъи дарунравӣ кӯмак мерасонанд. Аз йод истифода баред Дар 1 қошуқча шири нав ҷӯшида 1-2 қатра йод андохта ба кӯдаки шикамдард диҳед, исҳолро дарҳол манъ мекунад. Даво аз пӯсти булут Пӯсти дарахти булут (кора дуба)-ро ҷӯшонда, 1-2 қошуқӣ дар як рӯз чанд маротиба ба кӯдаки шикамрав диҳед ва ҳуқна (клизма) кунед. Ин амалро 3-4 рӯз давом диҳед, аз дарунравии шадид, ҳатто аз шикамдарди пардаи луобӣ дошта низ ягон ному нишон намемонад.

 

 

«Оила.тж»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...