10 фоидаи рӯза ба саломатӣ

10 фоидаи рӯза ба саломатӣ

Тадқиқотҳои олимони соҳаи тиб нишон медиҳанд, ки рӯза гирифтан барои саломатӣ низ фоидаҳои зиёде дорад, ки 10-тои онро манзури шумо мекунем.

 

1.Тоза шудани ҷисм

Бо шарофати рӯзадорӣ ҷисми инсон аз дарун тоза мешавад. Рӯзона аз хӯрдану нӯшидан даст кашидани шахси рӯзадор боиси он мегардад, ки равғанҳои шикам ва дигар қисматҳои бадан об шуда, заҳрҳои дар организм ҷамъшуда аз ҷисм хориҷ гарданд.

 

2. Баланд шудани иммунитет

Дар сурати риоя намудани қоидаҳои рӯзадорӣ гирифтани рӯза боиси пурқувват гаштани иммунитети инсон хоҳад гашт. Барои ин, шахси рӯзадор бояд субҳу шом, яъне ҳангоми саҳархӯрӣ ва ифтор ғизои солим истеъмол намояд.

 

3. Гурез аз бемориҳои илтиҳобӣ

Исбот шудааст, ки рӯза гирифтан боиси кам шудан ва ҳатто тамоман нест шудани нишонаҳои бемориҳои илтиҳобӣ дар организми инсон мегардад. Гирифтани рӯза ҳамчунин касро аз аллергия ва бемориҳои артрит ва псориаз халос мекунад. Табибон тахмин мекунанд, ки рӯза гирифтан боиси тезтар халос шудан аз бемориҳои рӯда, аз ҷумла “язвенный колит” гашта метавонад.

 

4. Рӯ ба ҷавонӣ

Ҳангоми рӯзадорӣ дар ҷисми инсон ҷараёни бозсозии дохилӣ оғоз ёфта, дар натиҷа пӯст ҷавону пуртароват мегардад ва нури чашм равшантар мешавад.

 

5. Эътидоли сатҳи қанд

Ҳангоми рӯзадорӣ ҷисми инсон ба инсулин ҳассостар мегардад, ки ин бисёр муҳим аст. Ҳассосияти ҷисм ба инсулин намегузорад, ки баъди хӯрдани хӯрок сатҳи қанд дар ҷисми инсон баланд шавад. Барои кори бонизоми ғадуди зери меъда низ ин бисёр муҳим ва фоидаовар аст.

 

6. Фоидаи рӯза ба рӯдаю меъда

Рамазон давраи истироҳати рӯдаю меъдаи шахсони рӯзадор мебошад. Агар кас баднафсӣ карда, субҳу шом аз ҳад зиёд хӯрок нахӯрад, кори системаи ҳозимааш беҳтар гашта, аз бисёр дарду иллатҳои рӯда ва меъда халос мешавад.

 

7. Фишори хун паст мешавад

Рӯза гирифтан боиси паст шудани фишори хун мегардад. Аз ҳамин сабаб, аксари шахсоне, ки аз бемории фишорбаландӣ азият мекашанд, дар давраи Рамазон худро беҳтар эҳсос мекунанд. Фишори хун ба низом медарояд, агар шахси рӯзадор реҷаи хӯрокхӯриро ҳангоми саҳархӯрӣ ва ифтор дуруст ба роҳ монда, ба парҳез риоя намояд.

 

8. Кам шудани вазни зиёдатӣ

Дар давраи Рамазон дар ҷисми инсон ҷараёнҳое, ки боиси тезтар партофтани вазни зиёдатӣ мегарданд, фаъол мешаванд. Дар натиҷа равғанҳои бадан об шуда, кас тезтар лоғар мешавад. Дар сурати кам кардани истеъмоли хӯрокҳои серравған, хамирӣ ва қанду шириниҳо шумо баъди Рамазон низ химчамиён мемонед. Аммо барои он ки ҷисматон қуввату нерӯ бигирад, бояд бештар меваю сабзавоти тару тозаро нӯши ҷон созед.

 

9. Шавқ ба ғизои солим

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки маҳз дар давраи Рамазон одамон аз баҳри хӯрдани фастфуд, ҳасиб, обҳои газнок ва дигар хӯрокҳои нимтайёри зараровар гузашта, ғизои солим истеъмол мекардагӣ мешаванд. Бештар истеъмол кардани хӯрданиҳои табиӣ ва ғизои аз нигоҳи экологӣ тоза ҷисми инсонро бо витамину минералҳои зарурӣ таъмин намуда, кас ба тарзи ҳаёти солим одат мекунад.

 

10. Халосӣ аз одатҳои бад

Рӯза гирифтан барои халос шудан аз одатҳои бад ёрӣ мерасонад. Шахсоне, ки ба маю шароб майл доранд, тамоку ё нос мекашанд, дар моҳи шарифи Рамазон тарки ин корҳо намуда, хуморашон камтар мешавад.

 

(«Пресса.тж»)

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...