Барои солимии дил чӣ бояд кард?

Барои солимии дил чӣ бояд кард?

Барои солимии дил чӣ бояд кард?

Мусоҳиба бо кардиологи Бемористони Ибни Сино доктор Малика Юсупова

– Стенокардӣ чӣ гуна беморӣ аст?

– Стенокардӣ яке аз бемориҳои ишемии дил ба ҳисоб меравад. Ба сабаби танг ё баста шудани яке аз шараёнҳои дил, ки шараёнҳои коронарӣ ҳам мегӯянд, як қисми мушаки дил аз таъмини хун норасоӣ мекашад ва дар ин ҳолат дардҳои стенокардӣ пайдо мешаванд.

– Ин беморӣ чӣ тавр пайдо мешавад?

– Ҷолиб ин аст, ки дил илова ба он ки ҳамаи узвҳои бадани моро бо хун таъмин мекунад, худ низ ниёз ба хунрасонии кофӣ дорад ва нақши расонандаи хунро ҳамон шараёнҳои коронарӣ иҷро мекунанд. Агар бо сабабе ин шараёнҳо танг ва ё пурра баста шаванд, таъмини хун дар ин ё он қисмати мушаки дил кам мешавад, ки сабаби вокуниши организми инсон мегардад ва он аксаран бо ҳамон дардҳои стенокардӣ зоҳир меёбад. Сабаби асосии тангшавии шараёнҳо аз меъёр зиёд будани чарби хун мебошад. Яъне, дар пардаи дарунии шараён равғанҳо часпида, пилокҳои чарбӣ ташаккул меёбанд. Дар натиҷа ин пилокҳо боиси танг ё пурра баста шудани шараён мегарданд. Яке аз сабабҳои дигари танг ё баста шудани шараён ташаккулёбии тромб аст, ки он дар натиҷаи ихтилоли лахтшавии хун пеш меояд.

– Сабабҳои пайдоиш ва омилҳои гирифтор шудан ба ин беморӣ дар чист?

– Сабабҳои пайдоиши стенокардӣ ва ҳамзамон бемории ишемии дил, дар умум, омилҳои зер мебошанд: афзоиши сатҳи чарби хун; алоими фишорбаландии шараёнӣ; ирсият, ҷинсият ва синну сол; ҷой доштани одатҳои бад, тарзи ҳаёти камҳаракат.

– Роҳҳои пешгирии ин беморӣ чӣ гуна аст?

– Барои пешгирии ин беморӣ рафъи омилҳои хатар, ки гуфта гузаштем, муҳим аст. Масалан, агар афзоиши сатҳи чарби хун муайян шуда бошад, лозим аст, ки он ба меъёр расонида шавад ва ин амал зери назорати пизишк бояд сурат гирад.

Сатҳи фишори хун бояд бо тавсия ва назорати мутахассис танзим карда шавад.

Одатҳои бад бояд барканор шаванд, тарзи ҳаёти солим, ки варзиш яке аз шартҳои асосии он ба ҳисоб меравад, ба роҳ монда шаванд.

Албатта, мо ба синну сол, ҷинсият ва ирсият таъсир расонида наметавонем, вале агар омилҳои дигарро бартараф кунем, эҳтимоли ташаккулёбии бемории ишемии дил ба таври назаррас коҳиш меёбад.

– Табобати ин беморӣ чӣ гуна аст?

– Табобатро танҳо мутахассис ва он ҳам пас аз муоинаи комил метавонад таъин намояд. Дар умум табобати стенокардӣ ду роҳ дорад: 1) табобати доруӣ; 2) табобат бо усули ҷарроҳӣ, ки он ҳам дар навбати худ ду навъ мешавад: амали камзахм, ки бо стентгузорӣ анҷом меёбад; амали ҷарроҳии кушод.

Маълум аст, ки табобати маводӣ бо таъини доруҳои хос анҷом меёбад. Агар ҷарроҳӣ бо усули камзахм анҷом ёбад, тангии шараён бо гузоштани стент ё истифода аз баллон бартараф мегардад. Дар сурати интихоби ҷарроҳӣ дар дили боз, амали калонҳаҷм гузаронида шуда, барои то ҳадди имкон барқарор кардани гардиши хуни коронарӣ шунтҳои иловагӣ гузошта мешаванд. Яъне барои ба ҳаҷми кифоя расонидани хун ба мушакҳои дил роҳҳои иловагӣ сохта мешавад. Барои ин рагҳои хунгарди шахси беморро истифода мебаранд.

– Стентгузорӣ чист?

– Стентгузорӣ, чунонки гуфтем, яке аз роҳҳои табобати стенокардия мебошад. Тангие, ки боиси норасоии таъмини мушаки дил аз хун ва зимнан пайдоиши дардҳои стенокардиявӣ гардидааст, бо гузоштани стент бартараф мешавад. Маъмулан агар як ё ду шараёни коронарӣ тангӣ дошта бошанд, бо гузоштани стент мушкилии шахси бемор барканор мешавад. Дар сурати иллатёбии се ва бештари шараёни коронарӣ, маъмулан амали ҷарроҳии кушод тавсия мегардад.

– Ғизои ин гуна беморон чӣ аст?

– Ғизои шахси бемор бояд аз кабудӣ, сабзавот ва меваҳо ғанӣ бошад, истеъмоли равғани ҳайвонот маҳдуд карда шавад. Масрафи намаки ошӣ, ки ба болоравии сатҳи фишори хун ва заиф шудани мушаки дил мусоидат мекунад, танзим шавад.

– Тавсияи шумо ҳамчун пизишк ба беморони стенокардӣ.

– Тавсия ба беморони стенокардӣ, ҳамзамон ба ҳама беморони гирифтори ишемии дилро дар боло гуфта гузаштем. Ҳаминро илова карданиям, ки табобати ин гуна беморӣ чун ҳама бемориҳои системаи дилу гурда бояд бо тавсияи кардиолог ва назорати доимии ӯ сурат гирад. Худдармонӣ, истифода аз маслиҳати корафтодагон ва ё матолиби интернетӣ падидаҳое ҳастанд, ки бояд решакан гарданд.

Мусоҳиб: Шервони Умриддин

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...