Назари гуногун андар ҷаҳон

Назари гуногун андар ҷаҳон

Назари гуногун андар ҷаҳон

Шумо маротибае фикр накардаед, ки барои чӣ бисёре аз ҳайвонот мардумаки чашмони гуногуншакл доранд, лекин чашмони буз бошад росткунҷа аст?

Мардумаки чашм дар шакл, ё монанди ҳилол, рӯйи мавҷ, сӯрохи қулф ва ғайра вуҷуд дорад. Бисёре аз шакли мардумаки чашм аз ҷониби донишмандон то ҳол тадқиқ нашуда аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо дар бораи он фикр кунем, ки чӣ тавр ҷаҳони мо чӣ гуна мураккабу пур аз сеҳру муъҷиза аст.

Вобаста аз ҳолат, ё миқдори равшане, ки ба пардаи болои чашм мерасад, мардумаки чашм танг, ё кушода мегардад. Агар равшанӣ чӣ қадар зиёд бошад, мардмак танг мегардад, агар равшанӣ кам бошад, мардумак баръакс, кушода хоҳад шуд. Маҳз барои ҳамин, гурба дар торикӣ аз одам дида, атрофро беҳтар мебинад. Мардумаки чашмони ин ҷонварон дар торикӣ то 135 маротиба васеъ шуда, атрофро хуб назорат мекунанд. Мардумаки чашми одам бошад, ҳамагӣ 15 маротиба васеъ мешавад, ки барои дидани атроф тамоман кам аст. Биёед, бубинем, ки дигар гунаи чашмон чӣ қобилиятро доранд.

Ҳилол, ё ниммоҳ.

Дорандаи мардумаки ҳиломоҳ суфрамоҳӣ (скат) ва моҳии дасту по кардан (камбала) мебошанд. Ба шарофати чунин шакли мардумаки ҳилолшакл моҳии атрофи зери дарё ҳини шикор кардан душманро аз луқма зуд ҷудо мекунад. Илова бар ин, ранги ҷонвару растаниҳоро низ равшану хубтар мебинанд.

Рӯйи мавҷ

Ин ҷо ба маънои чашмоне, ки шакли ҳарфи “W”, яъне шакли мавҷро дорад. Ҳамаи ин аз он далел аст, ки равшанӣ ба мардумаки чашм аз ҳар тараф меафтад, ки шакли мавҷро ташкил медиҳад. Бинобар ин, ба шарофати чашми мардумаки мавҷмонанд дошта, монанди сурфамоҳӣ хеле дур дида, намегузоранд, ки ранги ҷонвару растаниҳо бо ҳам омехта шаванд.

Риштаи марворид

Мардумаки чашми калтакалос ва баъзе аз навъи моҳиён дар ҳолати равшании хеле зиёд ба шакли муҳра табдил меёбад. Агар дар ҳолати торикӣ мардумаки гурба гирд шавад, аз мардумаки калтакалос дарозак шуда, як навъ ба сӯрохии калиди дар монанд мешавад. Ин сӯрохии дар чашм пайдо шуда, дар ҳолати шикори ҳашароти хазандагон кумак мекунад.

Рост, ё уфуқӣ

Мардумаки чашми буз, ломо, уштӯрҳо шакли росткунҷаро дорад. Чашми дар косахонаи сар каме варамкарда, ки дидани атрофро то 350° зиёд мекунад, ки барои назорати ҳаракати гирду атрофи ҷонвар зарур аст. Ин ба ҷонвар фурсат медиҳад, ки сару танро наҷунбонда, яъне худро нишон надода, мардумаки чашмро бе малол ба атроф чарх, давр дода, аз вазъияти хатарноки атроф бохабар шуда, ба кадом тараф гурехтанро интихоб кунад.

Ҷаҳор чашмдор

Ин моҳии шигифтангезест, ки ду чашм дорад, лекин барои сохтори ғайри маъмулии андомаш чорчашмдор номгузорӣ шудааст. Аҷоиб он аст, ки дар ҳар як ҷашм ду мардумак дорад, ки бо парда аз ҳам ҷудо шудаанд. Вақеият дар он аст, ки ин моҳӣ ба болои об баромада, шикори ҳашароти зер ва сатҳи обро хеле дӯст медорад. Ҳини шикор мардумаки боло ба хатари аз ҳаво созгор буда, мардумаки пойин бошад, ба ҳашароти рӯй ва зери об нигоҳ мекунад.

Агар чанд ба гетӣ бимонӣ дароз, боз ҳам табиати биҳиштосое ба мо тааҷҷубовар аст ва бо сеҳру муъҷизаи хеш дойим моро дар ҳайрат овардааст.

Аз русӣ тарҷумаи Шамсиддини Муқим

Осият Хасавова, Москва.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...