Муҳоҷирони тоҷик аз Русия нафақа мегиранд, агар шартҳоро риоя намоянд

Муҳоҷирони тоҷик аз Русия нафақа мегиранд, агар шартҳоро риоя намоянд

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳанӯз соли 2022 созишнома ба имзо расида буд ва тибқи он Русия уҳдадор аст, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро бо нафақа таъмин намояд. Аммо додани нафақа ба муҳоҷирон шартҳои худро дорад.

 

Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Тавре Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулини ин ниҳод гуфтанд, тибқи созишномаи байни ду кишвар ба имзо расида, шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, аз Тоҷикистон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия бо фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, аз Федератсияи Русия нафақа мегиранд. Аммо пардохти нафақа шартҳои муайяни худро дорад. Шаҳрвандони Федератсияи Русия дар сурати зиёда аз 5 сол дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кардан ба гирифтани нафақа ҳуқуқ пайдо мекунанд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, барои аз Русия нафақа гирифтан бояд на камтар аз 15 сол дар ин кишвар кор кунад. Шарти дуюми таъини нафақа пардохт намудани маблағҳои суғуртавӣ мебошад. Муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия зиёда аз 15 сол қонунӣ кор карда, пайваста маблағи суғуртаи иҷтимоиро пардохт намудаанд, дар асоси ин созишнома баробари ба синну соли нафақа расидан аз ин кишвар ба нафақа баромада метавонанд. “Мутаассифона, аксари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия бе шартномаи меҳнатӣ, ба таври ғайриқонунӣ кор мекунанд, аз ҳамин сабаб баъди ба синну соли нафақа расиданашон мушкилиҳои зиёде пеш меояд, вале онҳое, ки ба таври қонунӣ бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шуда, маблағҳои суғуртавиро пардохт кардаанд, бе мамоният метавонанд аз Русия нафақа гиранд”,- гуфт директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...