Қоидаҳои вуруди муҳоҷирон ба Русия иваз шуданд

Қоидаҳои вуруди муҳоҷирон ба Русия иваз шуданд

Қоидаҳои вуруди муҳоҷирон ба Русия иваз шуданд

Шуруъ аз 7-уми ноябри соли 2024 Русия қоидаҳои вурудро ба қаламрави кишвараш барои тамоми шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ тағйир дод.

 

Дар Федератсияи Русия қонуни наве қабул карда шуд, ки тартиби вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷиро ба ин кишвар тағйир медиҳад. Қонуни мазкур 7-уми ноябр расман дар амал татбиқ гашта, мувофиқи он минбаъд Русия метавонад маълумотҳоеро, ки ҳангоми бақайдгирии генетикии давлатии шаҳрвандони хориҷӣ ба даст оварда мешаванд, барои муайян кардани шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бетабаа, ки ба қаламрави кишвар ворид мегардад, истифода барад. Илова бар ин, ҳукумати Русия имконият пайдо кард, ки озмоишҳоро оид ба санҷиши қоидаҳои вуруд ва баромадан аз Русия, ки қонун пешбинӣ накардааст, оғоз намояд. Аз ҷумла стандарти ягонаи тарҷумаи тамоми маълумот аз лотинӣ ба кириллӣ дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти муҳоҷирон муқаррар карда шудааст. Ҳангоми гузаронидани озмоишҳои тартиби нави вуруд ва хуруҷ тибқи қонун гирифтани розигии шаҳрванди хориҷӣ, ки ба қаламрави Федератсияи Русия ворид мешавад, ҳатмӣ мебошад.

 

(Фируза Саттори)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...