Ҳушдор ба муҳоҷирон ва посухи вазорати меҳнат…

Ҳушдор ба муҳоҷирон ва посухи вазорати меҳнат…

Ҳушдор ба муҳоҷирон ва посухи вазорати меҳнат…

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда дар қаламрави Русия ба қайд гирифта шудаанд.

 

Дар робита ба ин, ба диққати шаҳрвандони кишвар мерасонем, ки тағйирот ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия аз 5-уми феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо мекунанд.

Русия маҳдудиятҳои нав барои шаҳрванди хориҷиро ҷорӣ мекунад ва дар ин замина Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия системаи махсуси ихроҷ (депортатсия) таъсис дода, зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди тоҷикро ҳамчун қонунвайронкунанда ба “рӯйхати шахсони назоратшаванда” шомил намудааст.

Аз ин рӯ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ ба сомонаҳои расмии mehnat.tj ё migration.tj ва vkd.tj истифода баранд.

Барои маълумоти бештар, Pressa.tj бо рақамҳои дар сомонаи Вазорати меҳнат гузошташуда занг зад ва бо кормандони масъул суҳбат орост. Азбаски онҳо барои мусоҳибаи рӯ ба рӯ розӣ нашуданд, мо телефонӣ ба чанд суоли худ посух гирифтем. Мо борҳо кӯшиш намудем, ки бо роҳбарияти вазорат ҳамсуҳбат шавем, маълумоти бештар ба даст орем ва сокинони кишварро огоҳ намоем, ки дар чунин ҳолат чӣ гуна рафтор намоянд. Аммо, мутаассифона, роҳбарияти вазорат аз мулоқот бо Pressa.tj худдорӣ намуд.

Ба ҳар сурат, мо кӯшиш намудем лоақал тавассути суҳбати телефонӣ бо онҳо ба саволҳое, ки хонандагон ба мо медиҳанд, посух пайдо кунем.

Ва инак чанд саволу ҷавоб:

Pressa.tj: Чаро дар рӯйхат ному насаби шахсони дорои шиносномаи Русия ва нафарони фавтида низ ҳастанд?

Масъули вазорат: Мо наметавонем ба ин савол аниқ ҷавоб диҳем, чун ин рӯйхатро ба мо аз Русия равон карданд.

Pressa.tj: Агар шаҳрванд ба таври қонунӣ дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунад ва номи ӯ дар ин рӯйхат ҳаст, ба куҷо бояд муроҷиат кунад?

Масъули вазорат: Дар ҳар як шаҳри Русия мо намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дорем. Барои гирифтани номи худ аз рӯйхат, онҳо метавонанд ба намояндагии мо дар шаҳри воқеъбудаашон муроҷиат намоянд. Суроғаи намояндагии мо ва шаҳрҳо дар сомонаи расмии Вазорати меҳнат гузошта шудааст.

Шахси масъул аз ҷавоб ба саволҳои дигаре, ки метавонистанд ба ин торикӣ рӯшноӣ андозанд, худдорӣ намуд. Албатта мо медонем, ки бо Вазорати корҳои дохилии Русия иртибот гирифтани Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ душвор аст, вале вазъи муҳоҷирон талаб мекунад, ки ба ин саволҳо посух дода шавад.

Мо ҳоло ҳам мунтазир ҳастем, ки масъулини вазорат омодагӣ зоҳир мекунанд, ки ба саволҳои хонандагон посух диҳанд. Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва ”Pressa.tj” гӯшаи “Гуфтугӯи мустақим” доранд, ки мо метавонем онро дар ихтиёри онҳо қарор диҳем ва ба аудиторияи 5 000 000 онҳо асли масъаларо шарҳ диҳанд ва муҳоҷирони тоҷикро раҳнамоӣ кунанд.

Ҳоло мо рақами телефонҳоеро пешниҳод мекунем, ки хонандагон тавассути он метавонанд ба саволҳои худ посух пайдо намоянд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ:

250-32-40; 250-32-09; 250-32-42

Хадамоти муҳоҷират:

225-05-95; 225-05-89; 225-05-77

Вазорати корҳои дохилӣ:

227-86-31; 221-98-12; 938762626; 939220684

Бояд гуфт, ки ҳар як шаҳрванд имкони як маротиба занг зада пурсиданро дорад. Барои ҳамин, кӯшиш кунед, то ба пуррагӣ ба саволҳои худ ҷавоб гиред.

 

(«Дило Доробшоева»)

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Шарму ҳаё

Ҳамду сано Парвардигореро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари ростгўю ростқавл Ҳазрати Муҳаммад ﷺ ва хонадону ёронаш бод.   Шарму ҳаё. Ин ду калима хеле маънои васеъро дар бар мегиранд. Агарчанде калимаи шарм дар луғатномаҳо бо ҳар забон тарҷума шудааст,...


Фазилати Иди Курбон

Иди Қурбон таҷассумгари садоқату фидокории муъминон дар назди Худованд буда, ҳамзамон саршор аз меҳру саховат ва ҳимматбаландии мардуми мусулмон (чи марду чи зан) мебошад. Пинҳон нест, ки маънӣ ва фалсафаи бузурги иди Қурбон ба қадри якдигар расидан ва боҳамдигар наздик шудан маҳсуб гардида, ин рўз...


Дар Тоҷикистон танҳо 10 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ даҳ нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт ҳастанд. Бино ба иттилои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати кишвар, сафи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки соли 1941 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд ва дар қайди ҳаёт ҳастанд, кам шудааст. Гуфта мешавад, ки дар давраи...


Табрикоти Иди Қурбон

Ассалому алайкум, хонандагони азиз!   Бо фарорасии Иди саиди Қурбон — иди қурбонӣ, эҳсон ва наздикӣ ба Парвардигори оламон — шуморо самимона табрик мегӯям. Иди Қурбон ёдовари он рӯзест, ки Иброҳими халилуллоҳ омода буд гаронтарин дороии худ — писари худ Исмоилро — дар роҳи Худо қурбон кунад. Ва...


Саволу ҷавоб

Агар ҳангоми намоз хондан аз рӯи ҷойнамоз як ҳайвон ё кӯдаки хурдсол гузарад, оё намоз қатъ мешавад? Не, намоз аз сабаби гузаштани чизе аз пеши намозгузор ботил намегардад. Агар шахси оқил бо қасди худ аз пеши намозхон убур кунад, худи ҳамон шахс гунаҳгор мешавад, аммо дар намози намозгузор ҳеҷ...