Аз мушкилоти муҳоҷирон хайп насозед!

Аз мушкилоти муҳоҷирон хайп насозед!

Аз мушкилоти муҳоҷирон хайп насозед!

Муфтии мусалмонони Россия ба муқобили ҳангомасозиҳои васоити ахбори оммаи рус дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ баромад карда, гуфтааст, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бояд давлат машғул шавад, на ВАО.

 

Альбир Крганов, муфтии масҷиди марказии мусалмонони Россия дар мизи мудаввар дар Палатаи ҷамъиятӣ ба муқобили ҳангомасозиҳои васоити ахбори оммаи рус дар боби муҳоҷирони меҳнатӣ баромад карда, гуфтааст, масъалаҳои марбут ба муҳоҷират ва мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ бояд танҳо дар доираи коршиносон ба миён гузошта шуда, ба ҳалли мушкилоти муҳоҷират давлат машғул шавад. “Шарт нест, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро ба майдони баҳси оммавӣ табдил дода, аз мушкилоти муҳоҷирон ҳар рӯз як ҳангомаи нав барпо кунем. Масъалаи муҳоҷиронро дар доираи коршиносони соҳаи муҳоҷират танҳо бо он шахсоне, ки ҳамарӯза дар ҳамин самт кор мекунанд, ба миён гузошта, роҳҳи ҳалли масъалаҳои мубрами муҳоҷирати меҳнатиро пайдо кардан лозим аст. Коршиносон бе маводҳои пурҳангомаи васоити ахбори омма ҳам вазъиятро хуб медонанд.

Аз мушкили муҳоҷирон хайп сохтан шарт нест!”-навиштааст ТАСС аз забони муфтии мусалмонони Россия. Альбир Крганов таъкид намудааст, ки танзими раванди муҳоҷират вазифаи бевоситаи давлат аст ва намояндагони мақомотҳои давлатӣ бояд худашон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои доғи муҳоҷирати меҳнатӣ пешниҳодҳои мушаххас намоянд. “Ҳар як қадами хешро дар мизони ақл баркашида, баъд гузоштан лозим аст, чунки ҳалли масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ кори осон нест”-гуфтааст муфтии мусалмонони Россия Альбир Крганов.

 

«Ф. Сатторӣ»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...