Муҳоҷирони меҳнатӣ дар кадом муассисаҳои Россия имтиҳон месупоранд?

Муҳоҷирони меҳнатӣ дар кадом муассисаҳои Россия имтиҳон месупоранд?

Ҳукумати Россия рӯйхати муассисаҳои давлатиеро тартиб додааст, ки ҳуқуқи аз муҳоҷирони меҳнатӣ имтиҳон гирифта, ба онҳо сертификат доданро доранд.

 

Дар ин бора расонаҳои русӣ дар такя ба портали расмии интернетии ахбороти ҳуқуқӣ хабар додаанд. Мувофиқи ин рӯйхат 92 муассисаи давлатӣ дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар аз муҳоҷирони меҳнатӣ имтиҳони забони русӣ ва таъриху ҳуқуқи Россияро гирифта метавонанд. Дар пойтахти Россия шаҳри Маскав ҳуқуқи гирифтани имтиҳон ба Маркази сифати таълими Москва (Московский центр качества образования) дода шудааст, ки метавонад дар Тоҷикистон низ аз муҳоҷирон имтиҳон бигирад.

Дар вилояти Маскав аз муҳоҷирон дар ду суроға-Подольск ва маҳаллаи Новоивановское имтиҳон гирифта мешавад.

Дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград РГПУ ба номи А.И. Герцен, дар Калининград БФУ ба номи Иммануил Кант, дар Екатеринбург УрФУ ба номи Б.Н. Ельцин аз муҳоҷирон имтиҳон қабул мекунанд.

Ба ғайр аз 92 муассисаи давлатӣ, ки ба ин рӯйхат ворид карда шудаанд, дигар ягон ширкат, ташкилот ё донишкада ҳуқуқи аз муҳоҷирон имтиҳон гирифтан ва ба онҳо сертификати донистани забони русӣ ва таъриху ҳуқуқи Россияро додан надорад. Солҳои охир супурдани имтиҳон дар Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик торафт душвортар шуда истодааст. Ба таври мисол соли равон шумораи шахсоне, ки аз имтиҳонҳо афтиданд то 30% афзудааст.

 

 

«Фирӯза Саттарӣ»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...