Магар савдо бо забони тоҷикӣ имконнопазир аст?

Магар савдо бо забони тоҷикӣ имконнопазир аст?

Солҳои охир тиҷорат тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рушд ниҳодааст. Ин навъи тиҷорат дар асл бадие надорад. Он чӣ нороҳаткунанда аст, забони саҳифаҳои тиҷоратист, ки 99 дарсад бо забони русӣ кор мебаранд.

 

Дар Тоҷикистон тоҷирони хурду миёна бештар аз шабакаҳои “Инстаграм” ва “Фейсбук” истифода мебаранд. Ангор бо забони модарӣ тиҷорат кардан имконпазир набошад. Ба кадом саҳифае ворид нашавед, суолу ҷавоб бо забони русӣ радду бадал мешавад. Ҳатто онҳое, ки русӣ балад нестанд, бо забони шикастаи пурхато русӣ мепурсанду русӣ посух медиҳанд.

Бедардоне ҳастанду хоҳанд гуфт, ки мушкил надорад, муҳим тиҷорат пеш равад. Аммо ин нишони беҳувиятии як миллат аст ва беҳувиятӣ миллатро ба шикаст хоҳад овард.

Ин падида, ки беҳувиятӣ унвон кардем, аз эҳсоси худкамбинии миллӣ сарчашма мегирад. Яъне кам шуморидани худ, забони модарии худ ва миллати худ. Ва арҷ қоил набудан ба забону фарҳангу дар умум миллати худ.

Моликони мағозаву фурӯш-гоҳҳои Душанбе агар пештар номҳои русӣ гузоштанро авло мешумориданд, ҳоло номҳои туркиву инглисӣ ниҳоданро расм кардаанд.

Ҳамин эҳсоси худкамбинӣ ва беҳувиятии мост, ки имрӯз дар бозорҳои Русия меваҳои Тоҷикистонро тоҷирони тоҷик меваи Ӯзбекистон гуфта мефурӯшанд.

Дар сафари охире, ки ба Маскав доштаму дар маъракаи ҳамватане даъват шудам, соҳиби рестурон тоҷики ваҳдатӣ, коргарон саросар тоҷик, аммо дар пештоқи дари рестурон навиштаанд: Узбекская кухня.

Омили узбекӣ ном бурдани меваҷоти тоҷикӣ ва ошхонаву рестуронҳои тоҷикӣ дар Русия фаротар аз баҳси ҳувият ҳастанд, ки фурсат даст диҳад, дар замони дигар баён мекунем. Аммо решаи ин падида ҳам боз ба ҳамон надоштани ҳувият бармегардад.

Арз кардем, ки сарчашмаи ин падидаи худбезорӣ беҳувиятист. Ҳоло бояд андешид, ки худи беҳувиятӣ аз куҷо сарчашма мегирад?

Беҳувиятӣ аз тарбия дар хона ва мактаб ба миён меояд. Имрӯз волидон ва муаллимони беҳувияте нашармида ба наврасону ҷавонон талқин мекунанд, ки забони тоҷикӣ то фурудгоҳ ба кор меояд.

Ва муҳимтар аз ҳама, мо дар се даҳсолаи истиқлол мактаби миллӣ ба вуҷуд оварда натавонистем. Мактабе, ки хатмкардааш ҳадди ақал забони худро бидонад ва аз забони модариаш нашармад, балки ифтихор намояд.

Аз ӯзбекӣ шудани забони тоҷикони Ӯзбекистон менолем, аммо русӣ шудани забони худро намебинем. Онҳоро ба беҳувиятӣ айбдор месозем, беҳувиятии худро нодида мегирем. Чорае бояд ёфт!  Беҳувиятӣ бадбахтӣ меорад.

 

 

Азиз Нақибзод

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...