Нархи патент соли 2026 дар Русия чанд шуд?

Нархи патент соли 2026 дар Русия чанд шуд?

Арзиши патенти кор барои муҳоҷирон соли нав дар ҳамаи минтақаҳои Русия тағйир меёбад.

 

Дар Маскав нархи патент агар соли 2025-ум 8 900 рубл буд, акнун аз соли нав 1100 рубл афзоиш ёфта, ба 10 ҳазор рубл расид.

Нархи патент дар минтақаҳои дигари Русияро чӣ гуна аст? Масъулин дар вилояти Новосибирск гуфтанд, ки қимати иҷозатномаи корро 11 дар сад боло мебаранд. Аз соли 2026 нархи патент дар ин вилоят 10 ҳазору 860 рублро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли 2025-ум 2950 рубл бештар аст. Мақомоти ин вилоят гуфтанд, ки аз 58 ҳазор муҳоҷири корӣ дар Новосибирск 37 дар садаш тоҷиконанд.

Маблағи ҳармоҳа барои иҷозати кор дар Санкт-Петербург низ аз якуми январ аз 6 ҳазор рубли русӣ ба 8 ҳазор хоҳад расид. Ин афзоиш ҳам ба Санкт-Петербург ва ҳам ба вилояти Ленинград дахл дорад, зеро мақомот тасмими муштарак гирифтаанд.

Дар вилояти Иркутск ҳам муҳоҷирон барои патент ба ҷойи 10 ҳазору 900 рубл бояд 12 ҳазору 231 рубл пардохт кунанд. Қонунгузорон дар Камчатка рӯзи 28-уми октябр эълон карданд, ки қимати патент аз 9 ҳазору 27 рубл ба 13 ҳазору 776 рубл боло бурда мешавад.

Дар вилояти Свердловск қарор шуд, ки барои муҳоҷирон аз соли нав патент бо арзиши 9 ҳазору 500 рубл пешниҳод шавад. Ҳоло нарх 7 ҳазору 500 рубл аст.

Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин далел ронда мешаванд.

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...