7 гурӯҳи муҳоҷирон, ки хатари депортатсия шудан аз Русия ба онҳо таҳдид менамояд

7 гурӯҳи муҳоҷирон, ки хатари депортатсия шудан аз Русия ба онҳо таҳдид менамояд

16 Аз 5-уми феврали соли 2025 дар Федератсияи Россия қонунҳои нави муҳоҷиратӣ ба амал даромаданд.

 

Ин қонунҳо будубоши муҳоҷирон, махсусан он шаҳрвандони моро дар ин кишвар ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд, душвор мегардонанд. Дар ҳолати риоя накардани қонунҳои мазкур муҳоҷирон ба реестри шахсони назоратшаванда ворид карда мешаванд. Киҳо хориҷ карда мешаванд? Нафароне, ки ғайриқонунӣ дар Россия кору фаъолият доранд, инчунин будубош доранд, ба реестри шахсони идорашавандаи аз ҷониби Вазорати корҳои дохилаи Фередарсияи Россия таҳияшуда, ҷойгир карда мешаванд. Ба ин реестр нафарони зерин дохил мегарданд: 1. Шаҳрвандони хориҷие, ки мӯҳлати будубоши муваққатӣ, ё иҷозатномаи будубоши муваққатиашон пас аз як рӯзи баровардани қарори мазкур тамом шудааст. 2. Шахсоне, ки ғайриқонунӣ марзи ФР-ро убур кардаанд. Аз рӯзи баровардани қарори мазкур. 3. Шахсоне, ки ҳуҷҷатҳояшон лағв (рад) карда шудааст (раводид, иҷозатномаи будубоши муваққатӣ ва ғр). Аз рӯзи лағв (рад) шудан. 4. Шахсоне, ки аз ҳуҳуди ФР, аз рӯзи баровардани қарори ВКД, ё суд берун, ё хориҷ карда шудаанд. 5. Шахсоне, ки будубошашон дар ФР аз рӯзи қарор қабулшуда номатлуб ба шумор меравад. 6. Шахсоне, ки шаҳрвандии ФР-ро аз даст додаанд ва асоси қонунии будубошро дар ин кишвар надоранд. Аз рӯзи қабули қарор. 7. Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ФР ҷиноят содир кардаанд. Аз замони ба амал баромадани ҳукми айбдоршавӣ.

 

«Фирӯза Саттори»

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...