Муҳоҷирон аз моҳи феврал бе ҳуҷҷат дар Русия кор карда наметавонанд

Муҳоҷирон аз моҳи феврал бе ҳуҷҷат дар Русия кор карда наметавонанд

Шуруъ аз 5-уми феврали соли 2025 дар Русия реестри электронии шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунанд, фаъол мегардад.

 

Дар реестри мазкур қонунӣ будан ё набудани зисту зиндагии ҳар як шаҳрванди хориҷӣ қайд шудааст. Шахсоне, ки номашон ҳамчун муҳоҷири ғайриқонунӣ ба рӯйхати сиёҳ афтидааст, баъди 5 феврал дигар дар Русия бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шуда наметавонанд. Дар ин бора расонаҳои русӣ дар такя ба гуфтаҳои муовини аввали вазири корҳои дохилии Россия Александр Горовой хабар додаанд. Ин масъули вазорати корҳои дохилии Русия қайд кардааст, ки рӯйхати мазкур ҳамарӯза пурра карда шуда, ба он ному насаби муҳоҷирони бидуни ҳуҷҷат ба даст афтида, илова карда мешавад. “Реести электронӣ барои тамоми корфармоён - ширкатҳо, шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, корхонаҳои давлатӣ ва шаҳрвандони оддие, ки муҳоҷирони меҳнатиро ба кор ҷалб карданиянд, дастрас мебошад. Бо ёрии реестр дар Русия ба таври қонунӣ зиндагӣ кардан, ё накардани ҳар як муҳоҷирро дарҳол фаҳмидан мумкин аст”,- таъкид кардааст, Горовой. Тамоми корфармоён, хоҳ корхонаи давлатӣ бошад, хоҳ шахсӣ танҳо пас аз санҷидани қонунӣ будан, ё набудани будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар Русия тариқи реестри электронӣ бо ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ шартномаи корӣ мебанданд. Муҳоҷиронеро, ки то ин вақт ба таври ғайриқонунӣ дар Русия зиндагӣ карда, бидуни патент ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ кор мекарданд, пас аз 5-уми феврал дар ягон ҷо ба кор намегиранд, зеро барои ба кор гирифтани чунин муҳоҷирон корфармоён тибқи қонун ҷарима месупоранд. Муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳамчунин наметавонанд бо касе ақди никоҳ банданд, паси чамбараки мошин бишинанд ва барои парвоз ба ин ё он минтақа чиптаи ҳавопаймо бихаранд.

 

 

Фирӯза Саттори

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...