Дар Россия кор кардан хоҳи ба Магадан рав

Дар Россия кор кардан хоҳи ба Магадан рав

Дар Россия кор кардан хоҳи ба Магадан рав

Рӯҳияи муҳоҷирбадбинӣ тӯли як соли охир дар Россия авҷ гирифта бошад ҳам, Русия ҳамчун кишвари калонтарини қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ боқӣ мемонад, зеро ин давлати азим ба нерӯи кории хориҷӣ сахт ниёз дорад.

 

Аз ҷумла яке аз вилоятҳои хеле калони Россия-Магадан ҳудуди 17000 муҳоҷирони меҳнатиро интизор аст. Намояндагони мақомоти давлатии Вилояти Магадан изҳор доштаанд, ки ҳозиранд барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ дар вилоят тақрибан 17000 шаҳрвандони хориҷиро қабул намоянд. Дмитрий Князев, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар сӯҳбат ба яке аз шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ гуфтааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар Магадан дар соҳаҳои гуногун кор хоҳанд кард. Дар ин бора Спутник иттилоъ додааст. Қобили зикр аст, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Магадан сол то сол меафзояд. Танҳо тӯли се соли охир теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин минтақа меоянд, се маротиба бештар шудааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2022 дар ин минтақа 7000 шаҳрвандони хориҷӣ кор мекарданд, вале дар соли 2023 шумораи муҳоҷирон ду маротиба афзуда, ба 13000 расид. Дар соли 2024 бошад, Магадан ҳудуди 17000 муҳоҷирони меҳнатиро интизор аст. Агар шумо ҳам нияти ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доред, метавонед Магаданро интихоб намоед. Ёфтани кор дар ин минтақа нисбатан осонтар, вале риоя намудан ба қонунҳои муҳоҷиратии Россия ва донистани забони русӣ ҳатмист.

 

(Оила.тж)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...