Муҳоҷирон дар рӯйхати нав

Муҳоҷирон дар рӯйхати нав

Муҳоҷирон дар рӯйхати нав

Кадом шаҳрвандони хориҷӣ ба “феҳристи шахсони назоратшаванда дар Русия” дохил мешаванд ва чӣ маҳдудиятҳо онҳоро интизор аст?!

 

Акнун рӯйхати 120 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия таҳти назорат қарор доштанд, дигар амал намекунад. Шаҳрвандони хориҷӣ ба сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия ва хадамоти давлатӣ ворид шуда, ба воситаи “феҳристи шахсони назоратшаванда”, ки ҳар чор соат пас нав мешавад, метавонанд вазъияти будубоши худро дар ҳудуди Русия муайян кунанд.

Аз 5-уми феврали соли 2025 моддаи нави Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия» амал мекунад. Мувофиқи ин қонун шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвар ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд, ба пойгоҳи додаҳои махсус, яъне “феҳристи шахсони назоратшаванда” дохил мешаванд ва то андозае ҳуқуқҳояшон маҳдуд мешавад, ки ҳатто метавонанд онҳоро аз Русия берун кунанд.

Ҳамзамон мувофиқи моддаи нави ин қонун пулис ваколат дорад, ки дар бораи ихроҷи муҳоҷирон қарор қабул кунад. Пештар чунин қарорро танҳо судҳо қабул карда метавонистанд.

ВКД Русия изҳороти шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар қаламрави Русия бе асосҳои қонунии будубош қарор доранд, аз 1-уми январ то 30-юми апрели соли 2025 қабул мекунанд. Зеро тибқи қонуни нав, пас аз 1-уми майи соли 2025, ҳамаи муҳоҷироне, ки асосҳои қонунии будубош дар қаламрави Русияро аз даст додаанд, бо татбиқи тамоми чораҳои пешбининамудаи қонун, ба монанди: маҳдуд кардани ҳуқуқҳо, манъи вуруд ба Русия ва ихроҷ аз кишвар рӯ ба рӯ мешаванд.

Кӣ метавонад ба феҳристи шахсони назоратшаванда ворид шавад?

Барои ворид шудан ба ин феҳрист сабабҳои зиёде вуҷуд доранд, аз ҷумла:

  • Шаҳрвандони хориҷие, ки қоидаҳои вуруд ва будубошро вайрон кардаанд;
  • Ҳангоми гузаштани муҳлати бақайдгирӣ, ҳангоми гузаштани муҳлати иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ (РВП) ё иҷозатномаи истиқомат дар Русия (ВНЖ), патент, иҷозатномаи кор, шартномаи меҳнатӣ ва шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро аз даст додаанд ва барои дар Русия будан асосҳои қонунӣ надоранд;
  • Убури ғайриқонунии сарҳади Русия;
  • Барои тамдиди муҳлати будубош шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба мақомоти ҳудудии хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия ё намояндагии Муассисаи давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар ҷои истиқомат муроҷиат кунанд.

Шахсоне, ки дар феҳристи шахсони назоратшаванда дохиланд, ба як қатор маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

Аз ҷумла:

— дастрасӣ ба як қатор хидматрасониҳо;

— бидуни иҷозати ВКД наметавонанд аз маҳали зист дар Русия берун бароянд;

— пули нақдро зиёда аз 30 ҳазор рубл гирифта наметавонанд;

— иҷозат надоранд суратҳисобҳои бонкӣ кушоянд ва амалиёти бонкӣ гузаронанд;

— иҷозат ба хариди амвол надоранд;

— хариди мошин ва идораи он, инчунин гирифтани ҳуҷҷати ронандагиро наметавонанд;

— иҷозат надоранд издивоҷ кунанд;

— наметавонад фарзандони худро ба мактабҳо ва кӯдакистонҳо супоранд.

Ғайр аз ин, мувофиқи қонуни нав хориҷиёне, ки ба феҳристи шахсони назоратшаванда дохиланд, вазифадоранд, ки ҳар 7 рӯзи тақвимӣ дар бораи ҷойгиршавии худ ба ВКД огоҳинома пешниҳод кунанд.

Чӣ бояд кард, агар шумо иштибоҳан ба феҳрист дохил шудаед?

Агар ба пойгоҳи додаҳо шаҳрвандоне дохил шудаанд, ки қонунӣ дар Русия зиндагӣ мекунанд, онҳо бояд ба шуъбаи ВКД дар суроғаи бақайдгирӣ муроҷиат кунанд. Танҳо кормандони ВКД метавонанд маълумотро тафтиш кунанд ва дар ҳолати зарурӣ онро дар феҳрист ислоҳ кунанд. Агар ба феҳрист тағйирот ворид карда шавад, маълумоти навшуда дар давоми 24 соат ба бонкҳо ва дигар ташкилотҳое фиристода мешавад, ки маҳдудиятҳоро муқаррар мекунанд.

Ғайр аз мақомоти ҳудудии хадамоти муҳоҷирати ВКД метавонед ба намояндагии Муассисаи давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и ВКД Русия дар ҷои истиқомат, ҳамзамон ба телефони Муассисаи давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Русия бо рақами 8 800 200 52 09 муроҷиат намоед.

Инчунин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муҳоҷиронро таъкид намудааст, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:

  1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
  2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
  3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
  4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77;
  5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;
  6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

Ҳамзамон муҳоҷироне, ки ба як қатор мушкилиҳо дар муҳоҷират дучор меоянд, метавонанд ба Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон бо рақами +992 900 800 800 занг зананд ва машварати ройгон оид ба муҳоҷирати бехатар гиранд.

 

«Дило Доробшоева»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...