Кӯдакони муҳоҷир 3 бор аз имтиҳон афтанд, ба Тоҷикистон фиристода мешаванд?

Кӯдакони муҳоҷир 3 бор аз имтиҳон афтанд, ба Тоҷикистон фиристода мешаванд?

Депутатҳои рус пешниҳод намудаанд, ки дар сурати 3 маротиба пай дар пай аз имтиҳон афтодан, кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватанашон фиристода шаванд.

 

Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд. Ярослав Нилов, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба меҳнат пешниҳод кардааст, ки фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ дар сурати се маротиба аз имтиҳон нагузаштан ба ватанашон гусел карда шаванд. «Қудрати хондан надорад, се маротиба аз имтиҳон гузашта натавонист, ба хона баргашта, бозгашти падару модарашро дар ватанаш интизор мешавад. Нуқта!”,- гуфтааст Ярослав Нилов зимни суҳбат бо “ТАСС”. Нилов таъкид намудааст, ки аз ҳазорон нафар кӯдакони муҳоҷир танҳо 30 нафар аз имтиҳон гузаштаанд ва дар идомаи суҳбат сабабҳои аз имтиҳон нагузаштани фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро шарҳ додааст. Депутати рус мегӯяд, ки қисми зиёди кӯдакони оилаҳои муҳоҷир ба таври ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд ва аз ҳамин сабаб ба имтиҳонҳо роҳ дода намешаванд. Иддае дар ҳуҷҷатгузорӣ дер мекунанд, гурӯҳи дигар имтиҳонро супурда наметавонанд. Нилов пешниҳод кардааст, ки таҳсили кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия пулакӣ карда шавад. “Бигзор муҳоҷирони меҳнатӣ барои таҳсили фарзандонашон пул супоранд. Аз ҳисоби маблағҳои ҷамъшуда метавонем ба муаллимоне, ки барои барномаи дарсиро ба фарзандони муҳоҷирон фаҳмондан ҷонашон ба лаб меояд, мукофотпулӣ диҳем”,- пешниҳод кардааст Ярослав Нилов.

 

Фирӯза Саттори

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...