10 – Маслиҳати муфид ба муҳоҷирони меҳнатӣ

10 – Маслиҳати муфид ба муҳоҷирони меҳнатӣ

10 – Маслиҳати муфид ба муҳоҷирони меҳнатӣ

Аксари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо сабаби надонистани қонуну қоидаҳои муҳоҷират ва шеваи рафтор дар кишвари қабулкунанда бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мегарданд.

 

Ба хотири кӯмак ба ҳамватнони худ чанд маслиҳати судмандро ба шахсоне, ки нияти ба Русия ё давлатҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, пешкаш месозем. Муҳоҷирати меҳнатӣ имконият медиҳад, ки одамон дар кишварҳои дигар кори хуб ёфта, зиндагии худро беҳтар созанд, аммо барои муҳоҷирати бехатар омодагӣ ба сафар хеле муҳим аст. Нияти муҳоҷират дошта бошед, тайёрии пухта дида, баъд ба сафар бароед. Барои ин:

  1. Корро аз оилаи худ сар карда, бом ва дару девори хонаатонро таъмир намоед, хӯрду хӯроки аҳли оилаатонро захира кунед, то ки дар набудани шумо азоб накашанд.
  2. Ба шахсони тасодуфие, ки ба шумо дар кишварҳои хориҷӣ кори осону пули калон ваъда дода, хароҷоти сафарро ба души худ мегиранд, бовар накунед, зеро хатари ба доми ғуломии шаҳвонӣ ё меҳнатӣ афтиданатон вуҷуд дорад. Тариқи интернет санҷед, ки дар асл чунин корхона вуҷуд дорад ё не, музди меҳнату шароити кориаш чӣ гуна аст.
  3. Ҷойи кори аниқ надошта бошед, таваккалӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ наравед, чунки дар сурати кори муносиб наёфтан, беҳуда дар мулки бегона сарсону саргардон ва қарздор мешавед.
  4. Фаромӯш накунед, роҳи аз ҳама бехатари пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар ба ташкилоту идораҳои расмие муроҷиат кардан аст, ки бо ҳалли масоили муҳоҷират машғуланд.
  5. Забони кишвареро, ки ба муҳоҷират рафтан мехоҳед, омӯзед.
  6. Қонунҳои муҳоҷиратиро аз худ намоед. Донистани ҳуқуқҳои худ шуморо аз бисёр мушкилиҳо дар муҳоҷират наҷот медиҳад.
  7. Касбу ҳунарҳои имрӯз дар бозори меҳнат серталаботро омӯзед.
  8. Барои фаҳмидани он ки ихроҷ, яъне “депортатсия ” шудаед ё не, ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намоед. Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121.
  9. Хароҷотҳои сафаратонро ҳисоб кунед ва бо худ маблағи муайян бигиред, то дар мулки бегона имконияти пардохти иҷорапулӣ, тахт кардани ҳуҷҷатҳо ва хариди маводи ғизоиро дошта бошед.
  10. Пеш аз оғози фаъолияти корӣ дар хориҷӣ кишвар бо корфармо ҳатман шартномаи меҳнатӣ бандед!

 

Фирӯза Сатторӣ,

Оила.тж

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...