Ширкати муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонӣ

Ширкати муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонӣ

Дар шаҳри Бангкоки Тайланд аз 8-уми март Ҷоми ҷаҳонии бокс (U-19) оғоз шуд, ки то 15-уми март идома мекунад. Тоҷикистонро дар мусобиқа 10 муштзани ҷавон (8 писар, 2 духтар) намояндагӣ мекунанд.

 

Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Аъзамҷон Ҳасанов (50 кг), Аъзам Одилзода (55 кг), Амирбек Маҳрамов (60 кг), Аҳмадшоҳ Ҳошимов (65 кг), Муҳаммад Мамадалиев (70 кг), Исфандиёр Ҳошимов (75 кг), Хуҷамуминҷон Холов (80 кг), Ҷаҳонгир Рӯзибоев (85 кг), Фариноз Абдуллоева (54 кг) ва Мино Аъзамзода (60 кг) намояндагӣ мекунанд.

 

Сармураббиҳо Рустам Музаффаров, Асомиддин Бурҳонов, Хуршед Абдуллоев ва Ҳасан Мӯсоев дар мусобиқа роҳнамоӣ ҳайати бокси Тоҷикистон мебошанд.

 

Дар ин мусобиқа 500 муштзани 85 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Ин аввалин иштироки муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаҳои Федератсияи ҷаҳонии бокс (World Boxing) мебошад.

 

(«Пресса.тж»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...