Чӣ тавр худро шунид?

Чӣ тавр худро шунид?

Чӣ тавр худро шунид?

Дар ҳолате, ки ҷаҳонро сар то по дигаргун кардаанд, аз буҳрон, ҷанг, пандемия ва ғайраҳо ба ларзиш омадани одамони кишварҳои гуногун, рафти хабаррасонӣ кам шуда, ҷойи қабули дурусти интихоби чизе ҳам камтар мегардад. Дар ин замон хабарҳои ношоями нофаҳмо хеле зиёд шуда, беҳтар он аст, ки худро гӯш созед.

Шахси оқиле гуфта, ки: “Як шахс метавонад тамоми дунёро фаромӯш кунад, аммо худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонад”. Чӣ тавр метавон ҳолати оромии дохили хешро нигаҳ дошта, бо худ бимонад? Ба шумо чанд ҳолатеро пешниҳод мекунем. Эҳтимол дорад, ки ин ҳолатҳо барои шумо фоидаовар бошанд.

Телефони мобилиро ба канор гузоред. Мебинед, ки вақти камеро бо телефон мегузаронед. Чунин рафтор барои одами ҳозирзамон хеле душвор ба назар мерасад, лекин таъсире хеле калон низ дорад. Муддати дароз коршиносон дар он хулосаанд, ки вобастагӣ ба чунин воситаҳои электронӣ зарари хеле бузург дорад. Албатта аз баъзе воситаҳои электронӣ мо фоидае мегирем, лекин барои иҷрои андозаи онро низ бояд риоя кард. Эҳтиёт кунем, ки аз истифодабарии барзиёд зиёне ба мо нарасад. Ба болои ин истифодаи телефон вақти зиёди моро мегирад. Рӯзгори одамӣ чӣ шириниву беҳбудиҳо дорад, ки шумо онҳоро хеле хуб медонед.

Одам бо табиат пайвасти зич дорад. Инсон аъзои ҷамъят мебошад, лекин баъзе замон метавонад бо худ танҳо монад. Ба мисли он, ки бо табиати иҳотакарда бошад. Дар ҳавои тозаи форам истироҳат ба мо на танҳо руҳи хуш, балки тандурустӣ низ медиҳад. Дар атроф садои шаршараро шунида, мо мефаҳмем, ки вазъи руҳии мо беҳтар хоҳад шуд. Ҳамин тавр, аз шуру ғавғои замон худро дур карда, одам барои худ ба суолҳои: “Ман кистам?”, “Чӣ мехоҳам?”, “Маро чӣ маъқул аст, ё не?” ва ғайра, ҷавоби дурусте пайдо хоҳад кард.

Ба эҷодкорӣ машғул шавед. Шояд шумо худро одами эҷодкор нашуморед. Мумкин, ки шуморо эҷодкорӣ ба худ ҷалб накунад, лекин возеҳ аст, ки дар фаъолият, ё ҷараёни коре ба ягон дастоварде ноил мешавед, хеле ҷолиби диққат аст. Барои эҷодкор шудан, хоҳишу ғайрати зиёд лозим мешавад. Ин иқтидори одамӣ дар ҳар яки мо ҳаст, лекин бисёр вақт одам ба зарари хеш ба кори беҳуда низ даст мезанад. Ба ҷойи он, ки созандагӣ кунад, ба ғайбати дигарон даст зада, дар онҳо каму костӣ ҷуста, тамоми олами гӯё бевафоро гунаҳгор карданӣ мешавем. Хушбахтона интихоби дуруст низ пайдост. Акнун интихоб кунед, ки шикояткорӣ, ё норозигӣ, ё ободкориро пеша карда, ба ягон дараҷаи зебонигорӣ бирасед.

Ҳаракат. Одам доимо ҳаракати фаъли дошта, мефаҳмад, ки сиҳатмандии ӯ ин масъулияти ӯст. Медонад, ки ҳаракат ин ҳаёт аст. Ба болои ин дар ҳаракати фаъолона, ба ягон кори фоидаовар шуғл доштан, ба тану руҳи хеш қуввату дармон хоҳем бахшида, аз фикру амали ноҷо дур хоҳем гашт. Дар чунин ҳолат ба баъзе аз суолҳои пурпечутоби пайдошуда, посухи дурусте пайдо хоҳем кард. Масалан, агар шуморо масъалае азоб диҳад, дар назири шумо ягон роҳи ҳалли он дида нашавад, таҷрибаи рӯзгор роҳнамои шумост. Дар чунин ҳолат шумо метавонед ба кори хона машғул шавед, масофаеро давида тай кунед, ба дучарха савор шуда, ягон тараф равед ва ғайра. Яъне, агар шумо ягон кори ҷисмоние ба худ пайдо кунед, фикрронии шумо ба як сатҳи дуруст омада, фаҳмиши атроф равштантар хоҳад шуд. Чунин амалҳоро бисанҷед, ки ба бисёр одамон фоидаи калон расонидаанд. Замоне, ки шумо ба наздикон ёрии ҷисмию маънавӣ мерасонед, дар анҷоми он мебинед, ки манфияти ба касе расад, худро хеле хушҳол хоҳед дид. Чунин тарзи зиндагӣ дар ҳақиқат коршоям аст. Умуман одам худро ҳамон замон амалӣ метавонад кард, ки дастгири наздикону ҷамъият бошад.

Поёни суҳбат. Ба андозае ҷолиб аст, ки ба суоли асосии: “Чӣ тавр худро шунид?” дар худи ҷумла, дар баёни он метавон ёфт. Бояд худро гӯш карду тамом. Ҳама гуна чизи беҳударо канор гузоред, ба қуввату тавонойии хеш назар, мароҷиат кунед. Ин роҳи хеле дуру дароз буда, мумкин мо ҳоло ҳам рушд накарда бошем.

Доимо дар равишу ҷунбишу ҳамеша муваффақ бошед!

Аз русӣ тарҷумаи Шамсиддини Муқим

Омина Абдуллоева

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...