Балое, ки аз он ҳазар бояд кард

Балое, ки аз он ҳазар бояд кард

Балое, ки аз он ҳазар бояд кард

… Таҳминаи шашсола оҳиста аз зери болишти бобояш телефони ӯро гирифта, ба хонаи дигар гузашт ва бо ангуштони алакай мисли арғунуннавозон нозук ва ҳассос шудааш дар рӯи он чанд нуқта гузошт ва сайти даркориашро ёфта, ба ҷустуҷӯи “чизи даркориаш” сар кард. Ин вақт додарчаи чорсолааш низ аз ҷойгаҳаш, ки ӯро модар бо мақсади хобондан зери кӯрпа карда буд, ба тарафи апааш майл карда, ҳарду ғарқи тамошо шуданд. Чун дар хона суръати интернет паст буд, онҳо телефонро гоҳ ба худ наздик кардаю гоҳе дур намуда, “мавҷ мекофтанд”.

 

Вақте ки бобо набудани телефонро пайхас намуда, ба хонаи наберачаҳо ворид шуд, онҳо дигар ин оламро фаромӯш карда, дар ҳавои ким-кадом сайти ҷолиб ва бозии навбаромад парвоз доштанд. Дигар онҳо на парвои садои омиронаи бобо доштанду на метавонистанд аз телефон — ин муъҷизаи асри нав ва ё балои ба сари насли имрӯза омада чашм кананд.

Ана ин аст имрӯз қиссаи аксари онҳое,ки дар хонаи худ тифлони майда ва фарзандони наврас доранд…

— Чаро телефони мобилӣ “бало” будааст? Ин хуб аст, ки ҳоло кӯдакони мо истифодаи онро ҳанӯз чочак дар даҳон ёд мегиранду ба ҳар гуна бозиҳои шавқовар ва тамошои видеоҳои вақтхушкунак машғул мешаванд, -мегӯяд зани ҳамсоя, ки дар дасти писарчааш доим телефон асту дигар ӯро ташвиш намедиҳад.

— Иброҳимҷони ман бо телефон машғул шуда, ҳатто гуруснагиашро фаромӯш мекунад, - бо фахр мегуфт ӯ соле пеш…

— Телефони мобилӣ махсусан барои кӯдакон ва наврасон хатари ҷиддист ва на танҳо “бало”, балки “балои бад” аст, - мегӯянд бо як овоз олимони тамоми дунё ва барои гуфтаҳои худ даҳҳо асос меоранду меоранд, вале мо то замоне, ки ин “бало” ба сари худамон наояд, онро нодида мегирем.

Ба назари ман, беҳтарин ва ибратпазиртарин таҷрибае, ки ин зарарро собит менамояд, ин таҷрибаест, ки таҳти сарварии биологи рус Олег Григорев гузаронида шуд. Гурӯҳи вай дар ду инкубатори якхелаи чӯҷабарор 30-донагӣ тухми мурғ ҷой карда, ба мобайни яке аз онҳо телефони мобилиро гузошт, ки дар ҳар чаҳор дақиқа фаъол мешуд. Пас аз гузаштани 21 рӯз (ин муддатест, ки барои чӯҷабарорӣ лозим мебошад) онро боз намуд. Аз инкубаторе, ки телефон надошт, 17 чӯҷа (ин меъёри муқаррарист) баромада буд, аммо инкубатори “телефонбоз” ҳамагӣ 7 дона чӯҷаи касалманд бароварда буду халос… Аз ин таҷриба, ки бо имберионҳои мурғ гузаронида шудааст, худатон хулоса бароред…

Тавре олимон собит кардаанд, истифодаи доимии телефони мобилӣ ба калонсолону наврасон ҳам зарари ҷиддӣ дорад, барои ҳамин онҳо махсусан ба мардҳо тавсия медиҳанд, ки телефонро дар кисаи поён нагиранд ва ҳамчунин наздики дил ва ё сар гузоштани онҳо сабабгори сар задани бемориҳои ҷиддӣ, аз қабили омосҳои бадзот (злокачественние опухоли), ба забони оддӣ гӯем, бемории саратон шуданашон мумкин аст. Зеро нурҳои электромагнитие, ки телефони мобилӣ ихроҷ мекунад, чунин хосиятро доранд. Аммо тавре гуфтем, зарари телефони мобилӣ ба кӯдакон аз ҳама бештар ва аз ҳама зудтар мерасад. Пас, онҳоро чӣ гуна эҳтиёт кунем, ки аз ин “бало ҳазар кунанд”?

Барои ин, ба андешаи мо, қабл аз ҳама бояд калонсолонро тарбия намуд, ки зарари телефони мобилиро бо ҳамаи нуктаҳояш дарк кунанд ва нагузоранд, ки тифлонашон фирефтаи сомонаҳои дилхушкунанда шаванд. Инчунин, аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта бояд истифода бурд. Масалан, дар Фаронса истифодаи телефони мобилӣ то синни 18-солагӣ манъ аст. Чунин қоидаҳо дар шакли гуногун, дар дигар кишварҳои Аврупо низ вуҷуд доранд.

Мутаассифона, аксар вақт мо тавони онро надорем, ки фарзандони худро аз ин “балои осмонӣ” ҳимоя кунем ва ҳатто баъзан онҳоро ба ин кор чун модари Иброҳимҷон худамон таҳрик мекунем. Таъсир расонидан ба мардуми мо, аксаран танҳо на тариқи фаҳмонидан, балки бояд ба воситаи кисаашон сурат гирад, он гоҳ натиҷаеро мисли “Қонун дар бораи танзим…” интизор шудан мумкин аст. Ҳарчанд дар ин маврид кӯшишҳо ҳастанд, аммо ин ҳанӯз кам аст, зеро ба кишвару миллати мо насли нави солим лозим аст, на бемор. Агар чунин кор бо ташаббуси ягон намояндаи парлумон сурат гирад, натиҷаи беҳтар хоҳад дод…

… Дар автобуси №15 нишастаам ва дар паҳлуям писараки тақрибан 10-12-сола бо телефони мобилӣ “футболбозӣ” мекард. Ин дам, марди миёнсоле ба ӯ наздик шудаву ба зани калонсоле ишора намуда, гуфт:

— Писарҷон, намешавад, ки ба ин холаат ҷой диҳӣ?

Писарбача бе он, ки сарашро аз телефон боло кунад, бо дасти дигараш дастгираки нишастгоҳро дошта аз ҷояш бархост ва бевосита дар болои рафаки автобус нишаста, гӯё чизе нашуда бошад, ба бозии худ идома дод (дар акс). Магар чунин ҳолатро “гипнози телефонӣ” гуфтан мумкин нест?

… Ба наздикӣ Иброҳимҷонро ҳамроҳи модараш дидам, ки дар чашм айнак меомад.

— Чӣ гап шуд, магар ба чашмат ягон чиз даромад?- гулпурсӣ кардам ба болои сараш хам шуда ва қасдан ин саволро ба модараш нею ба худаш додам.

— Э, ҳамсояҷон, напурсед, духтур мегӯяд, ки 30% биноияшро аз даст додааст ва акнун бояд то охири умр айнак гирад… Сабабашро истифодаи аз ҳад зиёди телефони мобилӣ мегӯяд… Ман бошам, фахр мекардам, ки писарчаи хурдсоли ман метавонад дар телефони мобилӣ чанд амалиётро иҷро кунад. Ин “бало” аз куҷо пайдо шуд?

— Ин “бало”-ро худатон овардед, - гуфтаму роҳамро давом додам…

Ба назари ман, ҳоло яке аз масъалаҳое, ки сари он бояд андеша кунем, ана ҳамин аст…

 

«А. Аҳмадзода журналист»

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...