Фолбинҳо занонро гумроҳ мекунанд

Фолбинҳо занонро гумроҳ мекунанд

Фолбинҳо занонро гумроҳ мекунанд

Як сокини шаҳри Хуҷанд бо гузоштани акси як лӯхтаки пур аз навиштаҷот аз корбарон хоҳиш кардааст, ки андешаи худро оид ба ҳамин намуд сеҳру ҷоду баён доранд. Ба гуфти ин зан, келинаш ҳангоми тамиз кардани ҳавлӣ он лӯхтакро пайдо кардааст.

Ин сокини шаҳри Хуҷанд ягона нафаре нест, ки аз сеҳру ҷоду шикоят кунад. Чунин навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёданд. Омори боздошти фолбинҳо ва сеҳру ҷодугарҳо нишон медиҳад, ки теъдоди чунин нафарон меафзояд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба фолбинҳову ҷодугарҳо бонувон муроҷиат мекунанд. Афзоиши фолбинҳову соҳирон ва пулҳои бо нӯги сӯзан ҷамъ кардаи мардҳову ҷавононро бо нӯги панҷшох ба ҳаво бод додани турфаи занҳои содаву гумроҳ аст, зеро аксари фолбинҳову ҷодугарҳо саводи динӣ надоранд.

Масалан, масъулини корҳои дохилии шаҳри Душанбе нимаи моҳи майи соли 2022 як зани 66-солаи сокини маҳаллаи Гулпарвари ноҳияи Фирдавсиро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду 2560 сомонӣ ҷарима карданд. Ин зан Бекмуродова Ҳабиба ном дошта, на саводи динӣ доштаасту на дунявӣ. Аммо аз шаҳрвандоне, ки ҳатто саводи динию дунявӣ доранд, бо роҳи даромадан ба боварии онҳо пул гирифта, “корашонро буд мекардааст”.

Чунин ҳодисаҳо хеле зиёданд. Ҳол он ки, машғул шудан ба фаъолияти фолбиниву ҷодугариро ҳам дини ислом манъ кардааст, ҳам қонунҳои мамлакат.

Тибқи моддаи 482 (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҷазои фолбинон пурзӯртар карда мешавад. Мувофиқи қонуни зикршуда, аз фолбину соҳироне, ки бори якум ва дуюм ба даст меафтанд, ҷарима ситонида мешавад. Аммо бори сеюм ҳатман корҳои ислоҳӣ ва маҳрум кардан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, роҳбари Шӯрои уламои дини вилояти Суғд аз афзоиши фолбинӣ ва фирефташавии шаҳрвандони содалавҳ нигаронӣ кард. Ин олими дин оид ба таърихи ғайбгӯиву фолбинӣ гуфт: “Сеҳру ҷоду таърихи чандҳазорсола дорад, ки дар замони пайғамбарони мову шумо буд. Аммо аз нигоҳи дини мубини ислом бовар кардан ба фолбин ширк овардан ба Худост ва гуноҳи кабира аст. Ҳар тоифа, ки ба назди фолбин мераванд, огоҳ бошанд, ки даст ба содир кардани гуноҳи кабира задаанд. Албатта, имрӯз хоса занон бо мушкилоти бахткушоӣ, гарму сардкунӣ, бефарзандӣ ва даҳҳои дигар ба пеши фолбин мераванд ва гӯё корашон ҳал мешавад. Аммо фарзандро танҳо Худо ато мекунад. Мушкили моро танҳо ин зоти пок ҳал мекунад. Дарди моро танҳо Худо худаш даво мебахшад. Рӯй овардан ба фолбинӣ кори мусалмон нест ва бешак 99%-и суханоне, ки фолбинон ба корафтодагон мегӯянд, дурӯғу бепоя аст. Ҳар касе, ки аз гумроҳӣ ба пеши фолбин мераваду баътар хатои худро дарк мекунад, ҳатман бояд тавбаву истиғфор карда, аз Худо бахшиши гуноҳашро пурсад”.

Ф. Муродӣ, шаҳри Хуҷанд

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...