Масҷиде, ки барқ мефурўшад тактикаи руҳонии тоҷик дар Қазоқистон

Масҷиде, ки барқ мефурўшад тактикаи руҳонии тоҷик дар Қазоқистон

Дар ҳоле, ки бисёр масҷидҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои мусалмонӣ асосан бо хайру садақаи мардум кор мекунанд, як руҳонии тоҷик дар Қазоқистон усули навро пеш гирифтааст. Масҷиди Яҳёхоҷа Исмоилов дар пойтахти Қазоқистон барқ тавлид кардаву мефурӯшад ва аз ин ҳисоб хароҷоти масҷидро мепӯшонад. Масҷиде, ки ин руҳонии тоҷиктабор роҳбарӣ мекунад, бо шакли ғайримаъмулӣ сохта шуда, дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Остона ҷойгир аст.

 

Масҷид ба шакли буриши алмосӣ сохта шуда, манорааш мисли қалам аст. Аммо фарқи ин масҷид аз дигар ибодатхонаҳо танҳо намуди зоҳириаш нест. Ба гуфтаи имоми он, ин масҷид аз ҷиҳати молӣ худкифо аст. Яҳёхоҷа Исмоилов гуфт, ки ин ибодатхона бо технологияи нав бунёд шуда, худашро бо барқ таъмин мекунад. Барқи масҷид ба воситаи нури офтоб дар дастгоҳҳо ё батареяҳо тавлид мешавад. Ин низом соли 2018 аз тарафи ширкати австриягии "Weissenseer" бо харҷи 273 ҳазор евро сохта шудааст. Маблағи сарфшуда аз ҳисоби фурӯши барқи зиёдатӣ бояд давоми 7,5 сол рӯёнида шавад. Кристофор Мюллер, роҳбари ширкати "Weissenseer" пештар ба расонаҳои Қазоқистон гуфта буд, ин аввалин масҷид дар ҷаҳон аст, ки худашро мустақилона бо барқ таъмин мекунад. Яҳёхоҷа Исмоилов, сархатиби масҷид мегӯяд, ки барқи тавлидшуда аз эҳтиёҷоти масҷид бештар аст ва зиёдатии онро ба идораи барқи шаҳри Остона мефурӯшанд. “Аз ҳисоби барқе, ки ба шаҳр медиҳем, дигар хароҷоти масҷидро мепӯшонем”,- афзуд ин руҳонӣ. Яҳёхоҷа Исмоилов 35 сол аст, ки дар шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон имомхатиб будааст. Мегӯяд, ки набояд масҷидҳо дастнигари хайру садақаи мардум бошанд. Барои баровардани хароҷоти масҷидҳои зертобеаш ин руҳонӣ аз усулҳои гуногун кор гирифтааст. “Дар шаҳри Петропавловск масҷиди калон бунёд кардем ва дар назди масҷид як ошхонае сохтем, ки зиёда аз 200 одам ҷой мегирифт. Дар ин ошхона ҳамарӯза ва бахусус рӯзҳои шанбе ва якшанбе одамҳо омада маъракаҳои худро мегузаронданд ва аз ҳисоби он ба масҷид даромад мешуд. Ҳамчунин бо иҷозати ҳукумати маҳаллӣ қитъаи замин гирифта, барои мошинҳо таваққуфгоҳ сохтем. Дар он рӯзона 200-300 мошин меистод ва аз ҳисоби маблағи он хароҷоти масҷидро мепӯшондем”,- афзуд Яҳёхоҷа Исмоилов. Аз ин руҳонӣ пурсидем, ки даромади масҷид чӣ гуна ҳисоб мешавад ва то куҷо шаффофият таъмин аст? Мегӯяд, ки масҷид муҳосибот дорад ва дахлу харҷро 10 узви ҳайати муассисон назорат мекунанд. Дар таърихи дини ислом масҷидҳо қаблан соҳиби дороиҳое буданд, ки вақф номида мешуд. Аммо ҳоло масҷидҳо дар Тоҷикистон ва бисёр кишварҳо ба ҷуз бино тақрибан чизе надоранд. Ба истиснои маоши имомҳо, хароҷоти дигари ин ибодатхонаҳо аз ҳисоби садақаи мардум аст. Одате, ки бархе руҳониён мехоҳанд аз байн бурда шавад ва масҷидҳо аз нигоҳи молӣ муҳтоҷу дастнигари мардум набошанд.

 

М. Юсуфӣ, Ф. Муҳаммадӣ

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...