Тарбияи фарзанд вазифаи асосии падару модар аст

Тарбияи фарзанд вазифаи асосии падару модар аст

Тарбияи фарзанд вазифаи асосии падару модар аст

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки ҳамеша дар таваҷҷуҳи аҳли башар будааст, ин тарбияи фарзанд ва чигунагии роҳҳои он мебошад.

 

Бархе аз мардумони олам, аз ҷумла тоҷикон аз қадимулайём барои тарбияи дуруст ва солими фарзандони худ панду андарз менавиштанд ва онҳоро ба роҳи рост, омӯхтани илму дониш,накӯкорӣ, анҷом додани амалҳои хайру савоб, эҳтироми калонсолон ҳидоят мекарданд. Бинобар ин, дар суннати ниёгони мо аз рӯзи таваллуд ба тарбият ва таълими кӯдак аҳамияти хосса медоданд ва ин суннати дерина ва устувор то имрӯз идома дорад.

Тарбияи дурусту солими кӯдак бояд аз даврони дар батни модар будан ва рӯзи таваллуди ӯ оғоз бигирад. Модари ҳомила дар навбати аввал дар бораи саломатии худ ва баъдан дар бораи саломатии тифли дар батнаш буда фикр бикунад ва аз парастории махсус бархурдор бошад. Аз ин рӯ, таъмини модар ҳангоми ҳомиладорӣ ва баъди таваллуди кӯдак бо маводи ғизоӣ, муҳайё сохтани фазои орому осоишта, дар вақташ гузаронидан аз муоинаи тиббӣ ва меҳру муҳаббати самимӣ барои модару кӯдак ҳатмист. Дини мубини ислом, ки арзишҳои волои инсониро тарғиб мекунад, дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимми зиндагии мусулмонон ба масъалаи тарбия, нигоҳубин ва парастории кӯдакон низ дахл кардааст.

 Имрӯз бояд падару модарон ҳам аз суннатҳои устувори гузашта ва ҳам аз равандҳои муосири тарбия ва таълимро дар тарбияти фарзандони худ истифода намоянд.

 Ҳар кӯдак дорои завқу салиқаи хос мебошад. Аз ин лиҳоз, падару модар бояд ин завқу салиқаи фарзанди худро ба инобат бигирад, то ин ки дар самти муайяне ӯ ба муваффақиятҳо ноил гардад. Агар ба ҳунаре моил бошад, бояд кӯшиш намояд, фарзандаш онро ёд гирад, то дар оянда нафъаш ба ҷомеа бештар расад. Албатта, ин корҳо чунон сурат гиранд, ки ба хондани фарзанд монеа эҷод накунанд. Дар ин сурат метавон ба муваффақият ноил гардид. Агар ниҳоят танбалу корношоям бошад, бояд талқин кард, ки ҳунаре омӯзад, то дар зиндагии ояндаи ӯ ба кор ояд. Хонандагони азиз! Дар саҳифаи панҷум дар бораи тарбияи фарзанд сухан кардем, ки барои мо донистани тариқи дурусти тарбия фарзандон хело муҳим аст.

 

Муҳаммадфарух АЗИМОВ

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...