Соли нави мелодӣ ҳам фаро расид

Соли нави мелодӣ ҳам фаро расид

Рӯз ба хайр хонандагони

азизи мо!

Пеш аз ҳама, аз файзу баракати Офаридгор, ки дар ин соли 2022 ба мо ато фармуда буд, сипосгузорӣ кунем. Бо мадади Худованди бузург ва таҳти роҳбарии устодони коршиноси хеш, соли гузашта ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ас-салом» ба забони тоҷики нашр карда, дар бораи усули маънавият, ахлоқи ҳамида, одаму одамгарӣ ва дигар паҳлуҳои рӯзгори имрӯзаро каме бошад ҳам, шарҳу баён додем. Шоёни зикр аст, ки барои хубтару беҳтар кардани сифати хабарҳои рӯзнома ва ба зудӣ дастраст кардани он талош дорем. Дар ин соли гузашта, нависандагону дӯстони зиёде пайдо кардем, ки атрофи масъалаҳои гуногуни рӯзгор хабару ривоятҳо нависем. Бисёре аз назария ва тавсияҳои Шуморо қабул фармуда, барои амалӣ шудани онҳо низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод. Барои алоқамондию бетараф набудан аз Шумо хеле сипосгузорем. Дуруди бепоён бар Офаридгор, ки мададгори мост ва назарбинии хонандаро сол ба сол зиёда карда истодааст. Барои боварӣ ташаккури зиёд. Пурсишу дархости Шумо ҳаргиз дар канор нахоҳад монд. Илова бар ин, нашрияи «Ас-салом» дар роёна (интернет) низ чандин расонаҳои хабарӣ дорад. Шумо метавонед аз сомонаи расмии мо ва дигар саҳифаҳои электронӣ истифода карда, бо хабарҳои мо ошнойӣ пайдо кунед. Ба воситаи телефони дастӣ Шумо метавноед ба рӯзномаи мо овбуна шавед. Акнун, хонанадаи мо метавонад, ки ба расонаҳои электронии мо дохил шуда, хабарҳои барояш писандро ба забони модарӣ бихонад.

Хулоса, дар поёни сухан ба Шумо ва хонаводаи Шумо ва хонандаи азиз дар ин соли нав беҳтарин рӯзгорро орзу дорем. Тансиҳативу осмони софро бароятон хоҳонем. Бигзор соли нав ҳаводиси саропо хушӣ, эҳсосҳои мусбат, бозёфтҳои наву давстовардҳои бисёре биоварад. Бигзор дар хонадони шумо ҳамеша фазои мусбат, ишқ ва самимият ҳукмфармо бошад. Бигзор ҳар рӯзи шумо лабрези саъодату бовармандӣ ба фардои беҳтар бошад. Саломату хушҳол бошед.

 

Муҳаммадфарух Азимов

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...