Табрикоти муҳаррир

Табрикоти муҳаррир

Табрикоти муҳаррир

Бо дуруди ба Шумо азизон ва хонандагони арҷманд!

Шуморо бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон самимона табрик мегӯям. Бояд шукронаи Худованди Мутаъолро ба ҷо оварем, ки ба ин моҳи муборак моро расонид.

 

Рӯза дар моҳи Рамазон фаризаест аз ҷониби Худо. Ин кароматест, ки Худо ба умматони Муҳаммад ﷺ ато кард. Парвардигор ба сабаби эҳтиром кардани моҳи мубораки Рамазон гуноҳи рӯзадоронро мебахшад. Оре, Худованд бандагонеро, ки эҳтироми Рамазонро ба ҷо оварда, гуруснаву ташна монда, сабр мекунанд, ба биҳишти бе канор ворид месозад.

Рамазон на танҳо моҳи поксозии ҷисми инсон, балки поксозии нафси мо аз иллатҳои зотӣ мебошад.

Бо умеди мағфирати гуноҳо некӣ кунед ва бо амали неки худ атрофиёнро ба некӣ ва беҳбудии ахлоқ даъват кунед. То ҳадди имкон дар ин моҳи муборак садақаи эҳтиёҷмандонро зиёда кунед.

Имрӯз ки мо дар омад омади моҳи мубораки Рамазон қарор дорем ва мо бояд фазилати ин моҳи муборакро донем.

 Дар ҳақиқат моҳи Рамазон қадру манзалати бузуpгe доранд. Дар бораи фазилати моҳи Рамазон дар саҳифаи 5-ум овардаем. Моҳи Рамазон моҳи ба даст овардани Биҳишт аст. Худованд ба мо мадад кунад, ки моҳи Рамазонро дар беҳтарин ибодат гузаронем.

 

Муҳаммадфарух АЗИМОВ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...