Сухани муҳаррир

Сухани муҳаррир

Сухани муҳаррир

 

Табрикот бо иди қурбон!

 Дӯстони азиз! Бо Иди саиди Қурбон табрик ва таҳният гуфта барои шумо ва аҳли оилаатон аз даргоҳи илоҳи пеш аз хама эмони комил, саодатмандии дунё ва охиратро, сиҳатию саломатӣ, рузгори осуда, ризқи фаровон, барори кору комёбиҳои беназир, сулҳу ваҳдат ва файзу баракатро таманно дорам.

 Инчунин таманнои онро дорам, ки бо қудуми мубораки ин Ид чи орзуҳои неке, ки дар дилҳоятон мепарваред ҷомаи амал пушанд ва ханда ҳеч вақт аз даҳонҳои шумо дур нагардад. Бигзор ҳамеша сарбаланд ва некном бимонед. Бигзор Худованди бузург аз баракоти ин лаҳзаҳои муборак оқибати кори моро ба хайр гардонад. Муҳаббату самимиятро дар миёни мо тақвият бахшад. Гуноҳони ҳаммаи моро биомурзад ва ҳаммаи моро аз қатори беҳтаринҳо гардонад. Худованд ба ҳамагон тавфиқи аъмоли нек ва дар иҷрои ин ибодати молӣ имкониятро насиб гардонад.

 

 

Табрикот бо моҳи Муҳаррам!

Ҳамаи шумоёнро бо омад омади моҳи Муҳаррам табрику муборакбод менамоям! Бовари дорам, ки ҳар яки шумо хуб медонед, ки тибқи ҳисобҳои тақвимӣ имсол моҳи Муҳаррам тахминан ба рўзи чершанбе 19-уми июл рост меояд. Мехоҳам каме аз фазилатҳои ин моҳи муборакро дар саҳифаи 5-ум нависам, зеро ин моҳ хусусиятҳои худро дорад. Ногуфта намонад, ки рӯзи 10-уми моҳи Муҳаррам рӯзи Ошуро аст. Пешниҳоду хоҳишҳои худро ба мо нависед. Худо ёру мададгори шумо бошад!

 

Муҳаммадфарух Азимов

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...