Сухани муҳаррир

Сухани муҳаррир

Азизон ва хонандагони арҷманд! Ҳар амале, ки боиси тараққӣ ва боло рафтани мақому шаъни инсон бошаду нафси инсонро тазкия кунад ва ўро ба Парвардигораш наздик намояд, садақа ва эҳсон аст.

 

Қуръони карим, ки китоби руҳӣ ва ахлоқӣ мебошад, хусусияти некўкоронро шарҳ медиҳад ва гурўҳҳоеро, ки ба некӣ ва эҳсон кардан таваҷҷуҳи бештар доранд, мушаххас менамояд ва онҳоро намунаи комили инсонӣ дар ҷомеа медонад.

Худованд дар баробари неъматҳое, ки ба мо ато намудааст масъулиятҳоеро ҳам бар дўши мо ниҳодааст ва мусулмони ҳақиқӣ касе аст, ки масъулиятҳои муайяннамудаи Парвардигорро иҷро намояд. Маълум аст, ки ҳар неъмате ба таври худаш масъулият дорад ва неъмати сарватмандию дороӣ низ масъулияти хоси худро дорад. Масъулияти як шахси сарватманд пардохт намудани он уҳдадориҳои пулию молие аст, ки дар шариат муқаррар гардидааст ва ҳамчунин таваҷҷуҳ доштан ба аҳволи атрофиёни худ аст, ки нисбатан фақиру эҳтиёҷманд ҳастанд. Умуман масъулияти сарвату сармоя иборат аз садақа додан ва дасти ниёзмандонро гирифтан аст.

Қуръони карим эълом медорад, ки садақа ва эҳсон бояд ба сурати як воҷиби фитрӣ ва табиии инсон дарояд. Чи тавре ки Худованд неъмати худро ба инсон арзонӣ мебахшад, ба инсони низ лозим аст аз неъмати худододӣ ба дигарон некӣ ва эҳсон намояд. Дар сураи «Қасас» ояти 77 омадааст:

«…Ва некўӣ кун – чунон ки Худо бар ту некўӣ кардааст ва дар замин фасод маҷў: ба дурустӣ ки Худо фасодкунандагонро дўст намедорад».

Дар сураи «Исро» ояти 7 низ омадааст:

«..Агар некўкорӣ кунед, барои ҷони хеш некўкорӣ карда бошед ва агар бадкорӣ кунед, пас (он бадӣ) ба ҷони шумо аст».

Дар саҳифаи панҷум дар бораи фазилати садақа ва эҳсон суханг гуфтем. Парвардигоро моро аз шахсони хоксор ва некӯкор бигардон.

 

Муҳаммадфарух Азимов

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...