Сухани муҳаррир

Сухани муҳаррир

 

Азизон ва хонандагони арҷманд. Имрӯз ки мо дар омад омади даҳаи охири моҳи мубораки Рамазон қарор дорем ва мо бояд фазилати ин рузу шабҳоро донем.

 

Моҳи Рамазон моҳи меҳмонии Худост. Ҳар кас худро барои ин меҳмонӣ беҳтар омода карда бошад, аз лутфу карами Илоҳӣ бештар баҳраманд хоҳад шуд. Ҳар кас дар ин меҳмонӣ муаддаб бошад, соҳибхона ба ў лутфу навозиши бештар хоҳад дод. Дар ҳақиқат рўзҳо ва шабҳои моҳи Рамазон қадру манзалати бузуpгe доранд. Яке аз фазилатҳои ин моҳ ин аст, ки амалҳо дар ин шабу рўз дучанд мегарданд ва гуноҳу хатоҳо бо анҷом додани амали нек, ки сабаби наздик шудан ба Худост, бахшида мешаванд. Мувофиқи матлаб аст, ки чанд сухане аз фазилати даҳ рўзи охири Рамазон ва он амалу ибодате, ки Паёмбар (с) хусусан дар ин моҳ анҷом медоданд: монанди зиндадории тамоми шаб, бедор намудани аҳлаш, кўшишу ҷаҳд дар анҷоми амалҳои нек, хўрдани он чи бештар қувватбахш аст, ва он чи ки ба фазилати ин шабҳо далолат мекунад аз риояи тозагӣ, ғусл намудан, хушбўӣ кардан, пўшидани либосҳои беҳтар, намозҳои таҳаҷҷуд, нафл, зикр, дуъо ва фазилати қироати Қуръон, дар саҳифаи панҷуми моҳнома баён мекунем.

Вақте фаҳмидем, ки даҳ рўзи охири ин моҳ беҳтарини рўзҳо ва шабҳо ҳастанд, бояд чунин бошад, ки мо дар ибодат кўшиши бештаре дошта бошем ва ин вақти қимати худро зоеъ нагардонем. Дар мавзўъи даҳ рўзи охири ва фориғ гардидан барои ибодат ва қатъи алоқа аз дунё ва аҳли он. Ба ростӣ, ки бештари мардуми мо аз манофеъи хеш ғофиланд ва шабҳояшонро ба гуфтугузорҳои бефоида ва сайругашт дар хиёбонҳо ва нишастан дар нишастгоҳҳо мегузаронанд. Мақсади мо огоҳ намудани шахсонест, ки ин мавсими бузургро зоеъ мекунанд. Парвардигоро бар ҳамаи мо тавфиқи амалҳои солеҳро ато бифармо. Омин!

 

Муҳаммадфарух Азимов

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...