Вақтҳои бузургро зоеъ накунед

Вақтҳои бузургро зоеъ накунед

Вақтҳои бузургро зоеъ накунед

Азизон ва хонандагони арҷманд. Имрӯз ки мо дар моҳи Раҷаб ҳастем ва дар омад омади моҳи мубораки Шаъбон қарор дорем ва мо бояд фазилати ин моҳҳои муборакро донем.

 

Дар ҳақиқат моҳи Раҷаб ва Шаъбон қадру манзалати бузуpгe доранд. Дар бораи фазилати моҳи Раҷаб дар саҳифаи 5-уми овардаем. Яке аз фазилатҳои ин моҳи Шаъбон ин аст, ки дар шаби 14-ум ба 15-уми ин моҳ шаби Бароат аст. Мувофиқи матлаб аст, ки чанд сухане аз фазилати ин шаби муборак нависем. Дар ин шаб амалҳои беҳтарин монанди зиндадории тамоми шаб, бедор намудани аҳл, кўшишу ҷаҳд дар анҷоми амалҳои нек, намозҳои таҳаҷҷуд, нафл, зикр, дуъо ва фазилати қироати Қуръон, баён мекунем дар саҳифаи ҳаштуми моҳнома.

Вақте фаҳмидем, ки ин шаби беҳтарин аст, бояд чунин бошад, ки мо дар ибодат кўшиши бештаре дошта бошем ва ин вақти қимати худро зоеъ нагардонем. Ин шаб шаби бахшиши гуноҳҳо ҳисобида мешавад.

Аллоҳ таъоло мефармояд: “Оё ҳастанд онҳое, ки мағфирати гуноҳ металабанд? Ман онҳоро мағфират мекунам. Оё ҳастанд онҳое, ки сарват мехоҳанд? Ман ба онҳо сарват медиҳам. Оё ҳастанд бемороне, ки шифо мехоҳанд? Ман шифояшон медиҳам. Агар талаб дошта бошед, талаб кунед. Ман онро иҷро мекунам”. (Ибни Моҷа).

Ба ростӣ, ки бештари мардуми мо аз манофеъи хеш ғофиланд ва шабҳояшонро ба гуфтугузорҳои бефоида ва сайругашт дар хиёбонҳо ва нишастан дар нишастгоҳҳо мегузаронанд ва мо бояд дар ин ду моҳ ба моҳи мубораки Рамазон таёри бинем. Мақсади мо огоҳ намудани шахсонест, ки ин вақтҳои бузургро зоеъ мекунанд. Парвардигоро бар ҳамаи мо тавфиқи амалҳои солеҳро ато бифармо. Омин!

 

Муҳаммадфарух АЗИМОВ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...