Мо бояд зиндагиамонро дигар кунем

Мо бояд зиндагиамонро дигар кунем

Мо бояд зиндагиамонро дигар кунем

Аз касе пӯшида нест, ки мо ворисони абармардоне чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Берунию Сино, Абумуслими Хуросонию Деваштич ҳастем.

 

Агар рӯйхати номоварони миллатро ба пуррагӣ нависем, дароз хоҳад буд. Мо даст ба сина зада мегӯем, ки ҷаҳон аз мо фарҳанги зиндагӣ омӯхта, ифтихорамон олист, аммо худамон чӣ ибтикоре дорем?! Агар пасовандони Рӯдакию Фирдавсием, пас чаро имрӯз аз китоб - сарчашмаи зиндагӣ дур мондаем?! Чаро наврасони тоҷик китоб намехонанд?! Аксарият, хусусан насли ҷавон барои бедонишии худ ривоят доранд, ки ҳоло асри илму техника асту бузургтарин асарҳои бостону муосирро метавон аз интернет пайдо намуд. Ман ба ин розӣ, вале ҳеҷ бовар надорам, ки аксарияти кулли ворисони Фирдавсӣ аз интернет.

“Шоҳнома”-ро мехонанд. Оре, китоб барои кас ёри вафодору дӯсти мададгор ва шарики беҳамтост. Китоб барои кас устод аст устоди меҳрубону ғамхор, устоде, ки касро ба сӯйи мақсад ва фардоталабӣ ҳидоят мекунад. Парвардигоро моро аз хондани китобҳои бузургон маҳрум нагардон!

 

Муҳаммадфарух Азимов

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...